Нуриддин Саид: мо ҳуқуқи номҳои дурушт гузоштанро надорем

© Sputnik Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон
Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи телевизион аз шабакае талаб накардааст, ки номашро иваз кунад
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар рафти нишасти матбутӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зарурати дуруст интихоб кардани ном гуфт.
Намояндагони расонаҳо аз раиси кумита пурсиданд, "оё рост, ки Кумитаи телевизион тибқи як қарораш ба бархе шабакаҳои телевизионӣ мактуб кардаву талаб кардааст, то номашонро иваз кунанд".
Дар посух, ҷаноби Саид мегӯяд, ки иттилоъ нодуруст аст ва ниҳоди зертобеаш аз шабакае талаб накардааст, то номашро ивазонад.
"Аммо назорат хоҳем кард. Шабакаҳое, ки минбаъд ташкил карда мешаванд, бояд номҳои ба забони давлатӣ шинам, зебо ва ҷаззобро гузоранд", - таъкид мекунад вай.
Нуриддин Саид ҳамин вақт аз зарурати интихоби дурусти ном дар ҳама мавридҳо мегӯяд.
Нуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
"Ин гӯсолая падараш кӣ ҳасту модараш кӣ": интиқоди Нуриддин Саид аз забондонии журналистон
"Нигаред, "Олами чархҳо", "Олами гӯштҳо", "Олами сангҳои ороишӣ"... Магар гӯшт олам дорад? Санги ороишӣ олам дорад?", - изҳори нигаронӣ мекунад вай.
Раис кумитаи меафзояд, ки "мо миллати дорои 6 000 сол таърихем, мо миллате ҳастем ки ба ҷаҳон нобиғаҳоро ҳадя кардаем. Барои ҳамин, ҳуқуқи номҳои нозеб, дурушт ва риққатовар гузоштанро надорем".
Лентаи хабарҳо
0