Чиптафурӯши қаллоб ба дом афтод: 180 ҳазор сомонӣ пули мардумро азхуд кард

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Аз ҳар як корафтода аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ гирифта ваъдаи дастрас кардани чиптаи ҳавопаймоӣ намуду бо ҳамин ғайб зад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сокини ҷавони пойтахт дар фиреб додани хоҳишмандони сафар ба хориҷи кишвар муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба мақомоти милисаи истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе чанд нафар корафтодагон муроҷиат намуданд, ки ҷавони фиребгар маблағи онҳоро барои хариди чиптаи ҳавопаймоӣ гирифта ғайб задааст.
Зимнан, кормандони милиса пас аз дастрас кардани аризаҳои шикоятӣ ҷавони гумонбар дар ин ҷиноятро дастгир намуданд, ки номбурда сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе мебошад.
Муайян гардид, ки ба доми фиреби ин ҷавон дасти кам 20 нафар афтода, аз ҳар кадоми онҳо аз 4 то 8.500 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки чиптаи ҳавопаймоиро ба онҳо харида медиҳад, вале дар ин асл ин маблағро ба манфиати шахсӣ сарф намудааст.
Ҳаҷми маблағе, ки боздоштшуда аз корафтодагон гирифтааст,180 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
На чипта хариду на пулро гардонд: боздошти зани 45 - сола бо иттиҳоми қаллобӣ
Манбаъ дар шарҳи ин ҳодиса изҳор дошт, ки қаблан низ хабару гузоришҳо дар мавриди фиребкориҳои ин қабил шахсон нашр намуданд, ки ба дигарон ибрат шавад ва минбаъд на мардум фиреб хӯрданду на касе дар фикри ба даст овардани маблағи муфт шавад.
Бояд гуфт, бо қимат шудани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ самти Душанбе - Маскав ингуна хабарҳо зиёд шуданд.
Мардум ба хотири бо нархи арзонтар харид кардани чипта ба доми фиребгарон меафтанд.
Лентаи хабарҳо
0