Барфу борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПаровоз в ЖД парке Душанбе зимой
Паровоз в ЖД парке Душанбе зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар ВМКБ борону барф мебораду дар ҷануби кишвар ҳарорати ҳаво то +42 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, рӯзи 22 июл, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои шарқӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят раъду барқ ба амал меояд.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борони кутоҳмудат мебораду раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0