Ин моли мост: чаро "Тоҷикматлубот" бозори "Панҷшанбе"-ро нахуст хариду боз "арзон" фурӯхт?

© Sputnik / Стас Этвеш Рынок "Панчшанбе" в городе Худжанд, архивное фото
Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Иттифоқи "Тоҷикматлубот" соли 2019 тариқи муроҷиат ба додгоҳ бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷандро ба тобеияти худ даровард, аммо соли 2021 онро фурӯхт. Масъулинаш зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, "моликияти худашон ҳаст - хоҳанд мефурӯшанд, хоҳанд ба касе вобаста мекунанд"
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Масъулини "Тоҷикматлубот" зимни нашсти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон тавзеҳ доданд, ки чаро бозори "Панҷшанбе"-ро "арзон" ва бидуни музояда фурӯхтанд.
Ба қавли муовини раиси "Тоҷикматлубот" Хуршед Раҳмонализода, бозор ҳудудан ба 4 миллион ба як ширкат бо номи "Сохтмони Меҳан" фурӯхта шудааст.
Ӯ сабаби музояда накарданро, "ворид шудани ҳамагӣ як ариза барои хариди бозор" гуфт.
Дар ҳамин ҳол, Раҳмонализода арзиши дақиқи фурӯши "Панҷшанбе"-ро нагуфт.
"Дақиқан дар ёдам нест, аммо ҳудуди 4 миллион сомонӣ фурӯхта шуд", - афзуд муовини раси ҷамъият.
Дар ҳоле ки "Тоҷикматлубот" тавассути додгоҳ "Панҷшанбе"-ро, ки аз соли 1998 дар тобеияти ширкати "Фартуна" буд, баргардонид, дубора ба фурӯш мондани он суолбарангез гардид.
"Тоҷикматлубот" низомнома дорад, раёсат дорад моликияти худаш аст, хоҳад мефурӯшад, хоҳад иҷора медиҳад ва хоҳад бепул ба касе вобаста мекунад",- гуфт вай дар посух ба суолҳои такрор ба такрори хабарнигорон, ки чаро бозори бузург ҳамагӣ ба 4 миллион сомонӣ, муодили 400 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Бозори “Панҷшанбе”- и Хуҷанд, дубора хусусӣ шудааст
Вай ҳамчунин афзуд, "99 дар сади биноҳое, ки дар атрофи бозор сохта шудаанд, хусусӣ мебошанд" ва вақти фурӯхтан ба "Тоҷикматлубот" дахл надоштанд.
Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли равон хабар дода шуд, ки "Тоҷикматлубот" баъди баргардонидани "Панҷшанбе" онро дубора фурӯхтааст.
Ба кӣ тааллуқ доштани ширкати "Сохтмони Меҳан" маълум нест, аммо раиси бозор феълан Ибодулло Нуриддинов аст.
Бозори марказии “Панҷшанбе” - и Хуҷанд соли 1964 бунёд шуда, соли 1998, баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардида, аз ҷониби ширкати “Фортуна” хусусӣ шуда буд.
Вале дар поёни соли 2019 Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар бораи дубора ба мувозинати худ гирифтани ин бозор ба суд муроҷиат кард.
Суди иқтисодӣ ҳам барои ба тобеияти идораи “Тоҷикматлубот” гузаштани бозори “Панҷшанбе” қарор қабул намуда, масъулони онро барои пардохти 3 миллиону 385 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба ҷамъияти “Фортуна” вазифадор намуд.
Бозори Панҷшанбе-и шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд
Аммо масъулони “Фортуна” чунин нархгузории додгоҳиро бар ивази ин яке аз калонтарин бозорҳои Тоҷикистон “арзиши ночиз” гуфта буданд.

Бозори "Панҷшанбе" - яке аз бузургтаринҳо дар Осиёи Марказӣ

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Миёна гуфта мешавад, ки дар ду ошёнаи он 1280 соҳибкор фаъолият мекунад.
Бозори мазкур аз тарафи шарқ бо мавзеи “Регистон”-и Хуҷанд, ки дар пешгоҳи масҷиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ аст, пайваст буда, аз қисми ҷануб бо кӯчаи Шарқ ва дар рӯ ба рӯи "Афғонбозор" ҷойгир шудааст.
Аз тарафи шимол бо маҳалли аҳолинишин ҳамсарҳад аст. Бозор дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад ва яке аз шукӯҳҳои шаҳрдории ин марзи қадим ба ҳисоб меравад.
Аз тарафи ғарбу шарқи бозор ду дарвоза (даромадгоҳ)-и ба ҳамдигар хеле шабеҳ, ки намуди гунбазро доро мебошад, даромадгоҳҳои асосии сокинону меҳмонон ва тоҷирон мебошад. Сақфи даромадгоҳ аз гаҷкорӣ, гулкорӣ ва нақшу нигори миллӣ иборат буда, нигораҳои он аз ороиши миллии ниёгони мо дарак медиҳад.
Чунин нақшу нигорро рассомон ва графологҳо ба навъи нақшу нигори ориёӣ мансуб медонанд. Зеро дар пайвасти нигораҳо ноаён метавон мушоҳида намуд, ки герби ориёиҳои қадима ба ҷилва медарояд.
Сохти дохилии он низ бо сутунҳои баланду боло ва сақфи кошинкории махсусу беназир, ки шакли "ҷӯйбори чаппа"-ро дорост, сохта шудааст. Аҷобат дар он аст, ки пиромуни даври бозор аз ду ошёна иборат буда, мобайни бозор якошёна аст.
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Бозгашти бозори “Панҷшанбе” ба молики пешин: "Фортуна" аз нарх норозист
Вақте кас аз ошёнаи дуввум ба маркази бинои бозор назар мекунад, бемалол шоҳиди равуо ва хариду фурӯши сокинону тоҷирон мегардад.
Сохтмони бозори "Панҷшанбе" миёнаи солҳои 50-уми асри XX сурат гирифтааст. Пирони рӯзгордида нақл мекунанд, ки рӯзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рӯзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рӯзи панҷуми ҳафта, яъне рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст.
Аз ин рӯ, аз ҳамон лаҳза онро бозори "Панҷшанбе" ном бурданд.
Ин аст, ки тӯли тақрибан 70 сол бозори мазкур дар Осиёи Миёна аз ҳама бозори калонтарини шакли пӯшида эътироф мегардад.
Лентаи хабарҳо
0