https://sputnik.tj/20210721/somoni-nav-bonki-milli-pul-muomilot-1041053859.html
Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад
Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад
2021-07-21T15:10+0500
2021-07-21T15:10+0500
2021-07-21T20:20+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
сомонӣ
пул
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/52/1027915220_0:315:3001:2003_1920x0_80_0_0_2537f0ed8f6a424c6253bea7371a8d6c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад.Гуфта шудааст, ки ин иқдом бо мақсади таъмин кардани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ сурт хоҳад гирифт.Манбаъ қайд кардааст, ки 20 ва 50 сомониҳои нави намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ соҳои қаблӣ гардиш хоҳад кард.Зикр шудааст, ки Бонки миллӣ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки пулҳои коғазӣ 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20210309/Bonki-milli-sikkahoi-jashni-metal-qimatbaho-muomilot--1032972583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/52/1027915220_92:0:2763:2003_1920x0_80_0_0_ac31dc1034092561c7abdad8a2f5d81d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллии тоҷикистон, сомонӣ, пули нав, ба муомилот баровардан
бонки миллии тоҷикистон, сомонӣ, пули нав, ба муомилот баровардан
Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад
15:10 21.07.2021 (Навсозишуда: 20:20 21.07.2021) Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад.
Гуфта шудааст, ки ин иқдом бо мақсади таъмин кардани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ сурт хоҳад гирифт.
Манбаъ қайд кардааст, ки 20 ва 50 сомониҳои нави намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ соҳои қаблӣ гардиш хоҳад кард.
“Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот ҳастанд, баробар гардиш хоҳанд кард”, - таъкид доштааст БМТ.
Зикр шудааст, ки Бонки миллӣ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки пулҳои коғазӣ 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.