Собиқ вазири молияи Тоҷикистон даргузашт: иллати маргаш номаълум

© Пресс-служба президента РТМинистр Финансов Таджикистана Курбониён Абдусалом, архивное фото
Министр Финансов Таджикистана Курбониён Абдусалом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Феълан маълум нест, ки собиқ вазир мубталои кадом беморӣ буд ва дар чӣ шароит ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Абдусалом Қурбониён, собиқ вазири молияи Тоҷикистон даргузашт.
Хабари марги собиқ вазирро сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбукии худ таъйид намуд ва ба пайвандони Қурбониён сабри ҷамил хост.

"Роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми собиқ вазири молия, Қурбониён Абдусалом Карим сахт андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли оила ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд", - омадааст дар хабар.

Маълум нест, ки собиқ вазир мубталои кадом дард буд ва дар чӣ шароит ҷон аз даст дод.
Абдусалом Қурбониён 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хизмат кардааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Ду рӯз пеш аз зодрӯз: ҳунарманди шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён ҳам даргузашт
Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара, директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири молияи Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2013 то 2018 вазири Вазорати молияи Тоҷикистон буд. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени "Шараф" дараҷаи 1 сарфароз гардида буд.
Қурбониён оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Гуфта мешавад, маросими намози ҷанозаи собиқ вазир, пас аз асри имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0