Русия пойгоҳашро дар Тоҷикистон бо навтарин мошинҳои ҷангӣ муҷаҳҳаз мекунад: марз ноором

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкФорум "Армия — 2020". Сухопутный кластер
Форум Армия — 2020. Сухопутный кластер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Навсозии таҷҳизот дар муддати кӯтоҳ бо сабаби шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Пойгоҳи низомии Русия бо 17 мошини ҳозиразамони БМП-2М тақвият дода мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бо истинод ба фармондеҳ Александр Лапин хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки навъҳои нави силоҳ барои иваз кардани намунаҳои кӯҳнашудаи таҷҳизоти воҳидҳои мототехникии пойгоҳи низомии 201 - и Русия пешбинӣ шудаанд.
Мошинҳои пиёданизоми муосир тавассути нақлиёти ҳавоии нерӯҳои фазонавардии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Учения 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маскав ба Душанбе дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак мекунад
Интизор меравад, ки таҷҳизоти нав то охири моҳи июл ба маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи Русия оварда шаванд.
Тақвияти пойгощи низомии Русия дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад.
Вазифаҳои асосии мошинҳои ҷангии пиёданизом интиқол, муҳофизат ва пӯшонидани хизматчиёни ҳарбӣ дар хатти пеш мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0