Макони баргузории Бозиҳои олимпӣ - 2032 муайян шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФакелы с Олимпийским огнём во время эстафеты Олимпийского огня
Факелы с Олимпийским огнём во время эстафеты Олимпийского огня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Барои интихоби номзад мушкилӣ набуд - чун ғайр аз ин шаҳр дигар аризае барои баррасӣ вуҷуд надошт
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Брисбени Австралия мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2032 хоҳад буд.
Ин тасмим, дар ҷараёни овоздиҳӣ дар иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ имрӯз дар Токио, қабул карда шуд.
Бозиҳои тобистонаи 2020 дар Токио 23 июл оғоз мешавад.
"Барои баргузории Олимпиада дар Брисбен 72 нафар овоз доданд, панҷ нафар мухолиф, се нафар бетараф буданд. Брисбен ягона номзад буд", - менависад "R-sport" аз қавли намояндаи КБО.
Пас аз олимпиада дар Токио, Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис (2024) ва Лос-Анҷелес (2028) баргузор мешаванд.
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимпиада бо сабаби COVID лағв мешавад? посухи созмондиҳандагон
Қаблан, баргузории бозиҳо дар соли 2032 - ро ду шаҳри Чин Ченду ва Чонгинг дар назар доштанд. Доҳа (Қатар), Будапешт (Маҷористон), Рейн-Рури Олмон ва инчунин Сеул бо Пхенян (Кореяи Ҷанубӣ) низ ба нақша гирифта шуда буданд ки мизбони Олимпиадаи соли 2032 шавад, вале ҳеҷ аризае равон накарданд.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Дилшод Назаров даст кашид: ба ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ киҳо шомиланд
Австралия бори севум дар таърих, мизбони Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.
Онҳо бори аввал дар соли 1956 ин озмуни бонуфузро баргузор карданд. Соли 2000 Бозиҳо дар Сидней баргузор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0