Ҳушдори КҲФ аз сел дар Суғду ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар чор рӯзи оянда

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Дар робита ба хатари фаромадани тарма КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст. ки барои чаронидани чорво ва ҷамъ овардани ҳезуму растанӣ ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ нараванд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон то 4 рӯзи дигар хатари фаромадани сел боқӣ мемонад, мегӯяд КҲФ бо истинод ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то 25 июл дар аксар минтақаҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ аз сабаби болоравии дамои ҳаво эҳтимолияти омадани селҳои пиряхӣ мавҷуд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон дорхост намудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуши офати табиӣ тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд. Аз ҷумла дархост шудааст, ки ҷӯйбору каналҳо аз хасрӯба ва ҳаргуна бодовардҳо тамиз карда шаванд.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Эълони зарари сел дар водии Зарафшон: КҲФ гуфт, ҷасади ду тани дигарро мекобанд
Илова бар ин, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз рафтан ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезуму растанӣ худдорӣ карда шавад.
КҲФ ба ронандаҳо низ тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд ва фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки сеофароии ахир дар ноҳияи Панҷакент ҷони 12 нафарро рабуд, ки 6 қурбони кӯдакон буданд.
Лентаи хабарҳо
0