Ҳушдори Русия ва муроҷиати ВКД Тоҷикистон ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ – видео

Обуна шудан
Мақомоти Русия ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки шаҳрвандони зиёди ин кишвар ҳузурашро то ҳол қонунӣ накардаанд
Сарраёсати Вазорати умури дохилии Русия оид ба муҳоҷират ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки дар сурати қонунӣ нагардидани ҳузури тоҷикистониён онҳоро ихроҷ аз кишвар инти шаҳрвандони зиёди тоҷикистонӣ ҳузурашонро қонунӣ накарданд.
Ин ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни гузориш тариқи телевизионҳои давлатӣ хабар дода, аз муҳоҷирон хостааст, худро дар қайди расмӣ гузоранд.
ВУД Тоҷикистон зикр намудааст, ки Русия барои атбои хориҷие, ки бе қайди расмӣ кору фаъолият мекунанд, то 30 сентябри соли 2021 муҳлат додааст, ки ҳузуру фаъолияташонро қонунӣ намоянд. Дар акси ҳол ҳушдор додааст, ки онҳоро ихроҷ хоҳад кард. Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба наздиконашон дар Русия расонанд, то аз ин имконияти қонунигардонӣ истифода баранд.
Қаблан Владимир Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шарҳи фармони нави раисиҷумҳур гуфт, онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, имкон доранд, бидуни депорту манъи вуруд будубошро қонунӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0