Ҳоҷӣ Шералӣ даргузашт: мотам дар оилаи соҳибкорон - Миристоевҳо

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофоти давлатӣ ба Шералӣ Миристоев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Шералӣ Миристоев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Шералӣ Миристоев, яке аз соҳибкорони шинохтаи вилояти Суғд ва муррифигари меваҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи ҷумҳурӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Шералӣ Миристоев, ки роҳбарии корхонаи муштараки “Баракат – Исфара” – ро ба уҳда дошт, рӯзи 21 июл дар синни 69 ҷаҳони фониро падрӯд гуфт.
Маросими ҷанозаи ҳоҷӣ Шералӣ Миристоев, соати 19:00-и рӯзи 21 июл дар қабристони "Гузари Эшон" - и шаҳри Исфара дар назар аст, хабар дод Ҳабибаллоҳ Исмоилов дар саҳифаи фейсбукияш. Дар мавриди иллати марги Миристоев феълан иттилое дар даст нест.
Аз Ҳоҷӣ Шералӣ ҳамчун нафари хоксору саховатпеша ёд мешавад, ки дар муаррифии меваҳои хушки Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нақши муҳим доштааст.
Президент Эмомали Рахмон и глава Хатлонской области Курбон Хакимзода в усыпальнице Султана Увайса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент
Ӯ роҳбарии корхонаи муштараки “Баракат – Исфара” – ро ба уҳда дошт, ки ба тавлиду бандубасти меваҳои хушк машғул буд. Барои хизматҳояш Ҳоҷӣ Шералӣ Миристоев соли 2019 бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардид, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри Миллат супорида шуд.
Корхонаи “Баракат – Исфара”, ки Миристоев роҳбарии онро ба уҳда дошт, бо ҷалби сармоя аз Русия таъсис дода шуда, ба тавлиду фурӯши меваҳои хушк машғул мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои хонаводаи Миристоевҳо, аз ҷумла фарзанди соҳибкораш Саидалию Субҳоналӣ изҳори ҳамдардӣ баён шудааст. Субҳоналӣ Миристоев аз соҳибкорони шинохта дар Исфара мебошад, ки роҳбарии “Корхонаи кимиёвӣ” – и шаҳрро ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0