https://sputnik.tj/20210721/chin-obhez-metro-video-1041043285.html
Дар Чин ҳангоми обхезӣ метро зери об монду 12 нафар ҷон бохтанд - видео аз дохили вагон
Дар Чин ҳангоми обхезӣ метро зери об монду 12 нафар ҷон бохтанд - видео аз дохили вагон
Sputnik Тоҷикистон
Дар аксу наворе, ки мусофирони метро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд, маълум аст, ки то қафаси сина об онҳоро пахш намудааст
2021-07-21T13:30+0500
2021-07-21T13:30+0500
2021-07-21T13:30+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
чин
обхезӣ
метро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041042036_0:69:2048:1221_1920x0_80_0_0_f19bf7afc939824e560128296b2c7257.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Чин 12 нафар қурбони обхезӣ дар метро гардиданд, хабар медиҳад сомонаи менависад Sina.com.Офати табиӣ рӯзи 20 июл дар шаҳри Чженчжоу иттифоқ афтодааст. Дақиқан пас аз як соати боронгариҳои шадид ҳаракати метро ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва вагонҳо дар дохили нақб аз ҳаракат боз монданд. Ҳарчанд кормандони метро тавонистанд 500 мусофирро аз дохили метрои бидуни ҳаракат берун кунанд, вале ҳамоно шумораи зиёди одамон дар дохили метрои пур аз об банд монданд.Мусофирони бандмонда дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз дохили метро нашр намуданд, ки то қафаси сина онҳоро об иҳота намудааст.Гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ ҳамоно идома дорад ва маълум нест, ки замони обхезӣ дар дохили метро чӣ теъдод мардум қарор дошт.Дар ҳамин ҳол, аз офати табиии, ки шоми 19 июл дар Панҷакенти Тоҷикистон сар зад, боиси ҷон бохтани 12 нафар, аз ҷумла 6 ноболиғ гардид.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041042036_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_a9a2f7d875ff3bcb170b641f5e05dbf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин метро обхезӣ навор
Дар Чин ҳангоми обхезӣ метро зери об монду 12 нафар ҷон бохтанд - видео аз дохили вагон
Дар аксу наворе, ки мусофирони метро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд, маълум аст, ки то қафаси сина об онҳоро пахш намудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Чин 12 нафар қурбони обхезӣ дар метро гардиданд, хабар медиҳад сомонаи менависад Sina.com.
Офати табиӣ рӯзи 20 июл дар шаҳри Чженчжоу иттифоқ афтодааст. Дақиқан пас аз як соати боронгариҳои шадид ҳаракати метро ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва вагонҳо дар дохили нақб аз ҳаракат боз монданд.
Ҳарчанд кормандони метро тавонистанд 500 мусофирро аз дохили метрои бидуни ҳаракат берун кунанд, вале ҳамоно шумораи зиёди одамон дар дохили метрои пур аз об банд монданд.
Мусофирони бандмонда дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз дохили метро нашр намуданд, ки то қафаси сина онҳоро об иҳота намудааст.
Гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ ҳамоно идома дорад ва маълум нест, ки замони обхезӣ дар дохили метро чӣ теъдод мардум қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол, аз офати табиии, ки шоми 19 июл дар Панҷакенти Тоҷикистон сар зад, боиси ҷон бохтани 12 нафар, аз ҷумла 6 ноболиғ гардид.