"Ватан он ҷост, ки хуш ҳастӣ": чаро Ҳабиб ба хотири Украина тарки Русия карданӣ буд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik, Иван Орехов. Ситораи ММА метавонист аввалин қаҳрамони UFC аз Украина бошад. Аҷиб аст, ки дар наврасӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қариб буд ба давлати ҳамсоя кӯчад ва дар мусобиқаҳои бузург таҳти парчами кабуду зард баромад кунад.
РИА Новости, далели аҷиби тарҷумаи ҳоли паҳлавони шикастнодидаро ба ёд овард.

Дебют

Дар оғоз бояд қайд кард, ки Ҳабиб қадамҳои аввалини худро дар MMA - бале, бале! - маҳз дар Украина гузошт. 13-уми сентябри соли 2008, Ҳабиб аввалин сабқати худро дар намудҳои муҳорибаи омехта гузаронид.
Дар доираи мусобиқаи CSFU: Champions League. Ӯ дар ин размоиш Вусал Байрамовро дар Полтава мағлуб кард (озарбойҷониро бо усули секунҷа қапид).
Ҷолиб ин аст, ки муҳориба дар яке аз тарабхонаҳо дар маркази шаҳр таҳти кафкӯбиҳои меҳмонон сурат гирифт.
Пресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Роҳи падар: Ҳабиб мураббии размикори амрикоӣ мешавад
Фазо дигаргун буд.
Дар маҷмӯъ, аз 29 муҳориба, ки Нурмуҳаммадов дар сатҳи касбӣ доир кардааст, варзишкор танҳо 5 - тоашро дар Украина гузаронидааст.
Илова ба пирӯзӣ бар Байрамов, паҳлавон дар Киев бар Виталий Островский ва Александр Агафонов ғолиб омада, Ашот Шагинянро дар Симферопол нокаут кард ва Вадим Сандулскийро дар Одесса буғӣ намуд.

Ба Ҳабиб чӣ лозим буд?

Масъалаҳои оилавӣ: падари варзишкор марҳум Абдулманап Нурмуҳаммадов дар Украина таҳсил ва хидмат кардааст. Инчунин, таҳти роҳбарии мураббии украинӣ Петр Бутрия Нурмуҳаммадови бузургӣ медали тиллои чемпионати ҷумҳуриро оид ба куштии тарзи озод ва самбо ба даст овард.
Ҳамчунин амакҳои Ҳабиб - Алекс ва Нурмуҳаммад то ҳол дар Украина ба сар мебаранд ва машғули тироҷат ҳастанд.
Онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то зиндагии бародарашон Абдулманап ва ҷияни худро дар Украина роҳат кунанд.
Дар натиҷа, Полтава Хабибро тасхир кард. Дар шарқи кишвар варзишгари ҷавон тӯли шаш сол тамрин карда, гӯштингирӣ ва муштзаниро азхуд намуд.
Баъдтар, паҳлавон ба Киев барои аввалин мусобиқаҳои калон меравад ва дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ғолиб мешавад...
Тааҷҷубовар нест, ки варзишгари ҷавон ба Идораи раводид ва сабти ном чандин бор ҳуҷҷатҳо супурд.
Ҳабиб Украинаро дӯст дошт ​​- шаҳрвандӣ имкон медод, ки эҳсосот "дар рӯи коғаз" мустаҳкам карда шуда, дар оянда шарафи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя карда шавад.
Шиноснома, ба кишвар ворид шуданашро осонтар мекард. Чун ба сабаби таҳсил дар Русия, мубориз маҷбур буд, ки бо амаки худ бо ваколатномаи падараш ба Полтава бирасад.
Омили молиявӣ. Рақобатҳо дар қаламрави Украина нисбат ба сабқатҳо дар ватан, подоши баландтар дошт.

Чаро ин кор даст надод?

На Абдулманап Муҳаммадович ва на Ҳабиб шиносномаи Украинаро гирифта натавонистанд. Панҷ маротиба ҳуҷҷатҳои онҳоро бидуни шарҳ рад карданд. Панҷ маротиба Нурмуҳаммадовҳои озурда, як ҷавобро шуниданд: "Ҳуҷҷатҳоро супоред, мо баррасӣ хоҳем кард".
Пресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Ҳабиб аз талошҳои UFC барои баргардондани ӯ гуфт: "маро ба ҳайрат овардан душвор аст"
"Мо тамоми талошҳоро ба харҷ додем, то Ҳабиб дар Украина шаҳрвандӣ ба даст орад. Мо Украина ва мардуми онро қадр мекунем, дӯст медорем ва эҳтиром менамоем. Ман мегӯям, ки инсонҳое беҳтар аз украиниҳо нест! Мегӯянд, ватан ҷоест, ки таваллуд шудаӣ. Аммо ман бовар дорам, ки Ватан он ҷоест, ки шумо худро хуб эҳсос мекунед. Мо ба нақша гирифта будем, ки Ҳабиб Украинаро намояндагӣ кунад, аммо мо ин корро карда натавонистем", - гуфт амаки Ҳабиб, Алекс Нурмуҳаммадов дар суҳбат бо "Спорт-Экспресс".
Соли 2012 азобҳои шиносномагирӣ хотима ёфт. Ҳабиб ба Русия бармегардад, раводиди амрикоӣ мегирад ва барои фатҳи созмони асосии MMA дар ҷаҳон ба ИМА меравад.

Муносибати Ҳабиб ба Украина

Ҳабиб воқеан Украинаро дӯст дошт. Вай борҳо муҳаббати худро ба халқи бародар изҳор карда, рафиқони худро аз толори омӯзишии Combat-DOBRO-и Киев гарм ёд мекард.
Якчанд сол пеш, варзишкор ҳатто мехост дар Полтава маҷмааи варзишии Eagles MMA боз кунад.
Хабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2019
Писарамаки Нурмуҳаммадов гуфт, кӣ ба Ҳабиб забони тоҷикиро ёд дод
Аммо, "Уқоб" на танҳо барои аёдати хешовандон ба Украина парвоз мекунад. Ҳамин тавр, ӯ ҳамчун як мухлиси содиқи Реал Мадрид дар соли 2018 ба финали Лигаи қаҳрамонҳо ба Киев рафт, ки дар он клуби Роял бо ёрии дарвозабони рақиб Лорис Кариус, Ливерпулро бо ҳисоби (3: 1) мағлуб кард.
Аён аст, ки Украина дар кариераи яке аз бузургтарин муборизон дар таърихи MMA осори бузург гузоштааст. Беҳуда нест, ки Ҳабиб дар яке аз мусоҳибаҳои худ таҷрибаи нохуши гирифтани шаҳрвандиро фаромӯш карда, ҳатто Украинаро "ватани дуввум" -и худ номид.
"Амакҳои ман 30 сол боз дар Украина зиндагӣ мекунанд. Онҳо маро ҳаматарафа дастгирӣ карданд ва тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд, то ман тамрин кунам. Ҳеҷ гоҳ асли худро фаромӯш накунед", - гуфт қаҳрамони собиқи UFC.
Лентаи хабарҳо
0