Ёддошт бо WFP барои таъмини ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон

© Фото : WFP / Emma KhachatryanДети в школьной столовой, архивное фото
Дети в школьной столовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид - WFP бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ёддошти тафоҳум барои рушди Барномаи миллии ғизои мактабӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik.Бо ин Ёддошти тафоҳум, ки нахустин байни WFP ва Вазорат аст, мо тавассути беҳтар кардани ғизои мактабӣ барои ояндаи беҳтар барои кӯдакони Тоҷикистон мусоидат мекунем, изҳор дошт Адҳам Мусаллам, мудири намояндагии WFP дар Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, ки барои гузариши барномаи ҷории ғизои мактабӣ ба барномаи давлатӣ аз соли 2021 то 2027 корбарӣ хоҳад шуд.
Тавре WFP дар иттилоияаш таъкид кардааст, ғизои мактабӣ аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030, Стратегияи миллии рушди таҳсилот барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи амали миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 мебошад. Зикр шудааст, ки ниҳодина шудани ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон то соли 2027 муқаррар гардидааст.
Ребенок обедает в школьной столовой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Русия барои таъмини ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 1,3 миллион доллар ихтисос дод
Ба иттилои WFP, ғизои мактабӣ аз бузургтарин барномаҳои ин созмон дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1999 то ҳол дар макотиби ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
Ин созмон таъкид намудааст, ки дар ҷамоатҳои осебпазир ва таъмини кӯдакон бо ғизо дар мактаб, маънои беҳтар шудани саломатӣ ва дастрасии бештар ба таҳсилотро дорад.
Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир, тақрибан 430 ҳазор мактаббачагони тоҷик аз синфҳои 1 то 4 дар 2000 мактаби 52 навоҳӣ бо шӯрбои гарму дигар хӯрокҳои маҳаллӣ таъмин мешаванд.
WFP зикр намудааст, ки бо дастгирии Русия, ин созмон барои таъмири ошхонаҳои мактабӣ, нонвойхонаҳо ва омӯзиши кормандони мактаб дар масъалаи ғизои солим кор мебарад.
Лентаи хабарҳо
0