Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Вокуниши Қирғизистон ба Тоҷикистон барои бозгардонии қирғизҳо: ба мо посух надоданд

© Facebook / МИД КРЗдание министерства иностранных дел Кыргызстана, архивное фото
Здание министерства иностранных дел Кыргызстана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид мекунад, ки муроҷиатҳои расмиашон беҷавоб мондаанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба маълумот дар бораи баргардонидани 345 қирғизҳои афғон ба Афғонистон вокуниш кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба ВУХ.
Пештар хабар дода шуд, ки қирғизҳо аз Помири Хурд аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон фирор карданд. Ду тифл ҳангоми убури марз фавтиданд.
Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгашти гурезагон рӯзи 17-18 июл пас аз он, ки ҳукумати Афғонистон амнияти шахсии мардумро кафолат додааст, ташкил шудааст.
Қирғизҳои қавмӣ бо 4000 сар чорво ва мошин ба деҳаи Андемини вулусволии Вахон баргаштанд.
"13 июл ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумак дар ҳаракати бемамониати қирғизҳои афғон ба посгоҳҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон, нота фиристода шуд. Нигаронӣ ва дархостҳои ҷониби Қирғизистон дар чорабиниҳои бисёрҷонибаи рӯзҳои 14-16 июл дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд низ, изҳор карда шуд", - омадааст дар шарҳи вазорати корҳои хориҷӣ.
Афганская женщина с тремя детьми  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
Қайд карда шуд, ки рӯзи 12 июл ҷониби Қирғизистон дар асоси муроҷиати қирғизтабороне, ки марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур намуда буданд, ба идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дархост фиристодааст.
Сухан дар бораи расонидани кумак дар ташкили интиқоли қирғизҳои афғон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон мерафт.
"Рӯзи 16 июл бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон, ВУХ Қирғизистон бо сафири Тоҷикистон мулоқот баргузор кард, ки дар ҷараёни он омодагии Қирғизистон барои қабули ҳама қирғизҳои афғон тасдиқ карда шуд ва дархост шуд, ки барои интиқоли онҳо шароит фароҳам оваранд", - омадааст дар хабарнома.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қирғизистон аз Тоҷикистон барои интиқоли қирғизҳои Афғонистон кумак хост
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид мекунад, ки муроҷиатҳои расмии Қирғизистон беҷавоб мондаанд ва вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи гурезагон, бозгашти онҳо ба Афғонистон ва кафолати амният маълумоти расмӣ нагирифтааст.
Эзоҳ: Толибон* - созмони террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва якқатор давлатҳои дигар, мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0