Тоҷикистон узви Шӯрои байналмилалии крикет шуд

© © SputnikВ Таджикистане начинает развиваться Крикет
В Таджикистане начинает развиваться Крикет  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Федератсияи крикети Тоҷикистон барои узвият дар Шӯрои байнулмилалии крикет - ICC? охири соли 2019 дархост дода буд, ки акнун пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вилям Гленрайт, мудири умури тавсеаи ICC, аз се узви ҷадиди ин Шӯрои байналмилалӣ – Тоҷикистон, Муғулистон, Швейтсария истиқбол карда, изҳор дошт, ки дар ин се кишвар барои рушди крикет талошҳое амалӣ мешавад.
Федератсияи крикети Тоҷикистон барои узвият дар Шӯрои байнулмилалии крикет (ICC) охири соли 2019 дархост дода буд. Дар Тоҷикистон ба крикет бештар шаҳрвандони афғон машғул буда, талоши рушди ин намуди варзишро доранд.
Шӯрои байнулмилалии крикет, ки акнун Тоҷикистонро ба узвияташ пазируфт, як ниҳоди раҳбарии ҷаҳонӣ барои крикети байнумилалӣ аст, ки мудирияти крикети мардону занон, аз ҷумла таъйини шароити бозӣ ва расмиёти онро ба уҳда дорад. Феълан ин созмон 106 узв дорад.
Гусели Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Дуо доданду гусел карданд: Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард
Варзиши крикет дар асри 16 – ум дар Инглистон арзи вуҷуд карда, бо забти Шибҳи Қораи Ҳинд ба Осиёи Ҷанубӣ густариш ёфт.
Федератсияи крикети Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфт ва соли 2012 узвияти Шӯрои крикети Осиёро низ ба даст овард.
Бар асоси созише, ки Тоҷикистон бо Шӯрои крикети Афғонистон карда буд, мутхассисони афғон барои омӯзишҳои тактикиву техникии крикетбозони тоҷик ваъдаи кумак карда буданд. То ҳол чандин бозиҳо дар риштаи крикет баргузор шуда, масъулини Федератсияи крикет онро дар Тоҷикистон ояндадор мехонанд.
Лентаи хабарҳо
0