https://sputnik.tj/20210720/shartho-erdughon-furudgohi-kobul-1041028707.html
Шартҳои Эрдуғон барои таъмини амният дар фурудгоҳи Кобул
Шартҳои Эрдуғон барои таъмини амният дар фурудгоҳи Кобул
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиён ҳушдор доданд, ки ба артиши Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд
2021-07-20T16:15+0500
2021-07-20T16:15+0500
2021-07-20T16:15+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
туркия
эрдуғон
афғонистон
раҷаб тайиб эрдуғон
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420537_0:155:2608:1622_1920x0_80_0_0_953d7937807d87e7635c2ecd2a3d8e31.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Президенти Туркия гуфт, ки кишвараш омода аст идораи фурудгоҳи Кобулро ба дӯши худ бигирад. Бо вуҷуди ин, ӯ як қатор шартҳоро ба миён гузошт, менависад РИА Новости. Шарти нахустини Эрдуғон ин аст, ки ИМА дар гуфтушунидҳои дипломатӣ ӯро дастгирӣ кунад. Дуюм, тибқи имкониятҳои логистикӣ, техника бояд ба Туркия дода шавад. Қаблан вазири мудофиаи Туркия изҳор дошт, ки Анқара бо иҷрои як қатор шартҳо омода аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА амнияти фурудгоҳи Кобулро таъмин кунад. Баъдтар маълум шуд, ки қарори ниҳоӣ қабул нашудааст, гуфтушунидҳо бо ИМА ва Афғонистон идома доранд. Ҳамзамон, як намояндаи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии ҳукумати Афғонистон генерал Аҷмал Шинварӣ гуфт, ки барои ин иншоот нерӯҳои афғон масъуланд ва хориҷиён танҳо корҳои техникиро анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, "Толибон"* ба ҷойгиркунии артиши Туркия дар қаламрави Афғонистон мухолифат доранд, зеро, ба ақидаи онҳо, ин истиқлолияти кишварро вайрон мекунад. Онҳо ҳушдор доданд, ки бо низомиёни Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд. Моҳи июн мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфт, ки Туркия қасд дорад амнияти фурудгоҳи Кобулро пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон таъмин намояд.Ба гуфти ӯ, дар ин бора президентҳои ду кишвар Ҷо Байден ва Тайиб Эрдуғон ҳарф заданд. Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки нақшаҳои дахлдори Туркия созишномаҳоро бо "Толибон"* вайрон мекунанд.Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳоХотиррасон мекунем, ки ҳафтаҳои охир дар Афғонистон муқовимати фаъол байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон"* идома дорад.* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст
https://sputnik.tj/20210720/muzokirot-nokom-doha-afghoniston-1041023048.html
https://sputnik.tj/20210715/tolibon-sharti-otashbas-afghoniston-1040904567.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420537_120:0:2488:1776_1920x0_80_0_0_a096a8e95bcbfe8a2300a9eaf0fc8244.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, кобул, фурудгоҳ, идора
туркия, кобул, фурудгоҳ, идора
Шартҳои Эрдуғон барои таъмини амният дар фурудгоҳи Кобул
Ҷангиён ҳушдор доданд, ки ба артиши Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Президенти Туркия гуфт, ки кишвараш омода аст идораи фурудгоҳи Кобулро ба дӯши худ бигирад. Бо вуҷуди ин, ӯ як қатор шартҳоро ба миён гузошт, менависад
РИА Новости.
Шарти нахустини Эрдуғон ин аст, ки ИМА дар гуфтушунидҳои дипломатӣ ӯро дастгирӣ кунад. Дуюм, тибқи имкониятҳои логистикӣ, техника бояд ба Туркия дода шавад.
"Захираҳои мавҷуда бояд ба Туркия дода шаванд. Ғайр аз ин, мушкилоти молиявӣ ва маъмурӣ вуҷуд доранд. Иёлоти Муттаҳида бояд Туркияро дар ин масъалаҳо дастгирӣ кунад. Агар шартҳои мо иҷро шаванд, мо дар бораи идораи фурудгоҳ дар Кобул фикр мекунем", - изҳор дошт, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Президенти Туркия
Қаблан вазири мудофиаи Туркия изҳор дошт, ки Анқара бо иҷрои як қатор шартҳо омода аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА амнияти фурудгоҳи Кобулро таъмин кунад.
Баъдтар маълум шуд, ки қарори ниҳоӣ қабул нашудааст, гуфтушунидҳо бо ИМА ва Афғонистон идома доранд. Ҳамзамон, як намояндаи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии ҳукумати Афғонистон генерал Аҷмал Шинварӣ гуфт, ки барои ин иншоот нерӯҳои афғон масъуланд ва хориҷиён танҳо корҳои техникиро анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон, "Толибон"* ба ҷойгиркунии артиши Туркия дар қаламрави Афғонистон мухолифат доранд, зеро, ба ақидаи онҳо, ин истиқлолияти кишварро вайрон мекунад.
Онҳо ҳушдор доданд, ки бо низомиёни Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд.
Моҳи июн мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфт, ки Туркия қасд дорад амнияти фурудгоҳи Кобулро пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон таъмин намояд.
Ба гуфти ӯ, дар ин бора президентҳои ду кишвар Ҷо Байден ва Тайиб Эрдуғон ҳарф заданд.
Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки нақшаҳои дахлдори Туркия созишномаҳоро бо "Толибон"* вайрон мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳафтаҳои охир дар Афғонистон муқовимати фаъол байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон"* идома дорад.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст