Раҳмон Ҷабборовро ба Иди Қурбон табрик карду аз якдигарфаҳмиву дӯстӣ гуфт

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонСайругашти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Варзоб
Сайругашти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизаш номаи табрикотӣ ирсол кардаас
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме иди саиди Қурбонро ба Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизаш табрик гуфт, хабар медиҳад “Кабар”.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотияш гуфтааст, ки иди мубораки Қурбон, ки аз қадимулайём рамзи чунин арзишҳои волои дини мубини ислом, аз қабили гуманизм, таҳаммулпазирӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, садақа ва дастгирии якдигарро дорад, дар ганҷинаи маънавии мусалмонон мавқеи махсусро ишғол мекунад.

"Бовар дорам, ки ба ин принсипҳои бебаҳои маънавӣ такя намуда, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳоямон минбаъд низ мутобиқи манфиатҳои халқҳои мо устуворона рушд хоҳанд кард",- омадааст дар номаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон ба Содир Ҷабборов хушбахтӣ, саломативу муваффақиятҳои нав, ва ба мардуми дӯст ва бародари Қирғизистон сулҳ, субот, шукуфоӣ таманно кардаас.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон раҳбари Қирғизистонро сарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ табрик кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0