https://sputnik.tj/20210720/qurboni-sel-harobiovar-panjakent-kudak-1041017833.html
Нуҳ қурбонии сели харобиовар дар Панҷакент: чор нафараш кудак будааст
Нуҳ қурбонии сели харобиовар дар Панҷакент: чор нафараш кудак будааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадиду сел 9 тан ҷони худро аз даст додаанд
2021-07-20T11:57+0500
2021-07-20T11:57+0500
2021-07-29T16:34+0500
дар тоҷикистон
кҳф
харобӣ
даргузашт
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_af1ae58fb9d75dbf667e943c60a8ae41.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Боронгариву сели рӯзи гузашта дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент ҷони 9 нафарро рабудааст, ки миёнашон 4 кудак низ будааст.Як сокини деҳаи Киштудаки поён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфто, борони шадиди асри рӯзи гузашта дар баробари рабудани ҷони инсонҳо харобиҳои зиёд низ дар пайи дошт.Номбурда гуфт, то кунун ҷасади ҳафт нафарро аз зери гилу лой кашидаанд ва ҷустуҷӯйи 2 тани дигар идома дорад.Гуфта мешавад намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.
https://sputnik.tj/20210713/rushon-sel-hona-tahrib-1040859345.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2091:1568_1920x0_80_0_0_fb83fc5fe47f9c3eb69be2bd63b33536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нуҳ, қурбонӣ, сел, харобиовар, панҷакент,
нуҳ, қурбонӣ, сел, харобиовар, панҷакент,
Нуҳ қурбонии сели харобиовар дар Панҷакент: чор нафараш кудак будааст
11:57 20.07.2021 (Навсозишуда: 16:34 29.07.2021) Дар шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадиду сел 9 тан ҷони худро аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Боронгариву сели рӯзи гузашта дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент ҷони 9 нафарро рабудааст, ки миёнашон 4 кудак низ будааст.
Як сокини деҳаи Киштудаки поён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфто, борони шадиди асри рӯзи гузашта дар баробари рабудани ҷони инсонҳо харобиҳои зиёд низ дар пайи дошт.
"Сел ҷони 9 нафарро гирифт. Ду нафарро аз деҳа ва 7 нафарро ҳангоми дар чарогоҳи тобистона қарор доштанашон. Миёни онҳо 4 кудак низ ҳаст". - афзуд манбаъ.
Номбурда гуфт, то кунун ҷасади ҳафт нафарро аз зери гилу лой кашидаанд ва ҷустуҷӯйи 2 тани дигар идома дорад.
Гуфта мешавад намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.