https://sputnik.tj/20210720/putin-musalmonon-idi-qurbon-tabrik-1041021341.html
Путин мусалмононро ба Иди Қурбон табрик кард
Путин мусалмононро ба Иди Қурбон табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Русия ба тамоми мусалмонони дунё саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ орзу кард
2021-07-20T13:29+0500
2021-07-20T13:29+0500
2021-07-20T13:30+0500
владимир путин
табрикот
табрик
паём
иди қурбон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040541518_0:0:3105:1747_1920x0_80_0_0_fdec9b8cc632147a39de05d045317a59.jpg
ДУШАНБЕ, 20 Июл – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шарафи Иди Қурбон ба мусулмонон муроҷиат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар додааст.Роҳбари Русия дар табрикномаи ба мусалмонон саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ таманно кард.Путин қайд кард, ки Иди Қурбон ба меҳрубонӣ ва адолат даъват мекунаду диққатро ба арзишҳои ислом ҷалб менамояд."Ин ҷашни бостонӣ, ки решаҳои он аз асрҳо қадим сарчашма мегирад, диндоронро ба пайдоиш ва арзишҳои ислом ҷалб мекунад, ба меҳрубонӣ, адолат ва парҳезкорӣ, муносибати боэҳтиёт ва самимӣ нисбат ба дигарон даъват мекунад", - таъкид кард Владимир Путин.Ба гуфтаи раисҷумури Русия, дини ислом, ба мисли тамоми динҳои ҷаҳонӣ, ба ормонҳои олии инсонпарварона ва ахлоқӣ такя мекунад. Маҳз ҳаминҳо ба ҳайси "як нерӯи тавоно” ҳастанд, ки ба таҳкими ҳамоҳангии байни миллатҳо дар ҷомеа ва ҳифзи гуногунии фарҳангии суннатҳои аслии мардуми мо саҳм мегузоранд", - гуфт Путин.Ёдовар мешавем, ки 20 июл мусалмонон яке аз идҳои асосии худ - Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Чорабиниҳои идона дар тӯли се рӯз баргузор мешаванд.Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбонӣ”-ро дорад.
https://sputnik.tj/20210720/dasturi-hakimzoda-nazorati-idgardak-hatlon-1041019745.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040541518_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_36c439a3af1d3dadce253b877aff96cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, табрикот, мусалмонон
русия, владимир путин, табрикот, мусалмонон
Путин мусалмононро ба Иди Қурбон табрик кард
13:29 20.07.2021 (Навсозишуда: 13:30 20.07.2021) Роҳбари Русия ба тамоми мусалмонони дунё саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ орзу кард
ДУШАНБЕ, 20 Июл – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шарафи Иди Қурбон ба мусулмонон муроҷиат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар додааст.
Роҳбари Русия дар табрикномаи ба мусалмонон саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ таманно кард.
Путин қайд кард, ки Иди Қурбон ба меҳрубонӣ ва адолат даъват мекунаду диққатро ба арзишҳои ислом ҷалб менамояд.
"Ин ҷашни бостонӣ, ки решаҳои он аз асрҳо қадим сарчашма мегирад, диндоронро ба пайдоиш ва арзишҳои ислом ҷалб мекунад, ба меҳрубонӣ, адолат ва парҳезкорӣ, муносибати боэҳтиёт ва самимӣ нисбат ба дигарон даъват мекунад", - таъкид кард Владимир Путин.
Ба гуфтаи раисҷумури Русия, дини ислом, ба мисли тамоми динҳои ҷаҳонӣ, ба ормонҳои олии инсонпарварона ва ахлоқӣ такя мекунад. Маҳз ҳаминҳо ба ҳайси "як нерӯи тавоно” ҳастанд, ки ба таҳкими ҳамоҳангии байни миллатҳо дар ҷомеа ва ҳифзи гуногунии фарҳангии суннатҳои аслии мардуми мо саҳм мегузоранд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки 20 июл мусалмонон яке аз идҳои асосии худ - Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Чорабиниҳои идона дар тӯли се рӯз баргузор мешаванд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбонӣ”-ро дорад.