https://sputnik.tj/20210720/korshinos-huruj-muhojir-sabab-narh-non-1041012756.html
Коршинос: хуруҷи муҳоҷирон яке аз сабабҳои болоравии нархи нон мебошад
Коршинос: хуруҷи муҳоҷирон яке аз сабабҳои болоравии нархи нон мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис омилҳои номаълуми болоравии нархи нонро номбар кард
2021-07-20T09:00+0500
2021-07-20T09:00+0500
2021-07-20T09:00+0500
иқтисод
муҳоҷират
нарх
нон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/70/1028117086_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_620161080df1e166fbc20719b0facf43.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар Русия болоравии нархи нон ва маҳсулоти нониро пешгӯӣ мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, истеҳсолкунандагон болоравии нархҳоро ба болоравии нархи ашёи хом, маводи банду баст ва нақлиёт рабт медиҳанд. Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия Юрий Катсннсон дар муколама бо "Свободная пресса" омилҳои дигари таъсиргузорро ба болоравии нархи ғизо номбар кард.Коршинос қайд кард, ки ба арзиши маҳсулоти нонпазӣ як қатор омилҳо таъсир мерасонанд ва арзиши маҳсулот танҳо бо ғалла маҳдуд намешавад. Ба унвони мисол, мутахассис дигар компонентҳо, инчунин бастабандӣ, пардохтҳои коммуналӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар ҷузъҳоро номбар кард, ки нархи нонро аз он низ бастагӣ дорад.Катснелсон инчунин қайд кард, ки баъзе истеҳсолкунандагон бо мушкилоти қувваи корӣ рӯ ба рӯянд."Аз аввали соли 2020 шумораи зиёди кадрҳо аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ватан баргаштанд ва акнун баргаштани онҳо барои онҳо хеле гарон аст. Дар натиҷа, норасоии кормандон метавонад боиси афзоиши хароҷот низ гардад." - тавзеҳ дод Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия.Коршинос илова кард, ки маҳз барои ҳамин намояндагони соҳаи кишоварзӣ идеяи бо поездҳои чартерӣ муташаккилона овардани муҳоҷирони меҳнатиро ташвиқ мекунанд.Қаблан низ коршиносон афзоиши дигар маҳсулоти кишоварзиро ба ками қувваи корӣ рабт доданд, ки дар пайи басташавии марзҳо ба вуҷуд омад.
https://sputnik.tj/20210427/zhirinovskiy-afzoishi-aholi-hisobi-tojikonu-uzbekho-qator-1039066880.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/70/1028117086_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_95bfb7c4902c53295f17191914bd1b0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, хуруҷ, муҳоҷирон, сабаб, болоравӣ, нарх, нон
коршинос, хуруҷ, муҳоҷирон, сабаб, болоравӣ, нарх, нон
Коршинос: хуруҷи муҳоҷирон яке аз сабабҳои болоравии нархи нон мебошад
Мутахассис омилҳои номаълуми болоравии нархи нонро номбар кард
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар Русия болоравии нархи нон ва маҳсулоти нониро пешгӯӣ мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, истеҳсолкунандагон болоравии нархҳоро ба болоравии нархи ашёи хом, маводи банду баст ва нақлиёт рабт медиҳанд.
Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия Юрий Катсннсон дар муколама бо "Свободная пресса" омилҳои дигари таъсиргузорро ба болоравии нархи ғизо номбар кард.
Коршинос қайд кард, ки ба арзиши маҳсулоти нонпазӣ як қатор омилҳо таъсир мерасонанд ва арзиши маҳсулот танҳо бо ғалла маҳдуд намешавад.
Ба унвони мисол, мутахассис дигар компонентҳо, инчунин бастабандӣ, пардохтҳои коммуналӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар ҷузъҳоро номбар кард, ки нархи нонро аз он низ бастагӣ дорад.
Катснелсон инчунин қайд кард, ки баъзе истеҳсолкунандагон бо мушкилоти қувваи корӣ рӯ ба рӯянд.
"Аз аввали соли 2020 шумораи зиёди кадрҳо аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ватан баргаштанд ва акнун баргаштани онҳо барои онҳо хеле гарон аст. Дар натиҷа, норасоии кормандон метавонад боиси афзоиши хароҷот низ гардад." - тавзеҳ дод Президенти гилдияи нонпазҳо ва қаннодони Русия.
Коршинос илова кард, ки маҳз барои ҳамин намояндагони соҳаи кишоварзӣ идеяи бо поездҳои чартерӣ муташаккилона овардани муҳоҷирони меҳнатиро ташвиқ мекунанд.
Қаблан низ коршиносон афзоиши дигар маҳсулоти кишоварзиро ба ками қувваи корӣ рабт доданд, ки дар пайи басташавии марзҳо ба вуҷуд омад.