https://sputnik.tj/20210719/viloyati-hatlon-48-korhonavu-korgoh-tahsis-1040994800.html
Дар шаш моҳ дар вилояти Хатлон 48 корхонаву коргоҳ таъсис ёфт
Дар шаш моҳ дар вилояти Хатлон 48 корхонаву коргоҳ таъсис ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки теъдоди умумии корхонаҳои саноатии вилоят ба 626 адад расид
2021-07-19T16:25+0500
2021-07-19T16:25+0500
2021-07-19T16:29+0500
дар тоҷикистон
саноат
таъсис
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032102565_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_8ef2cbc0f21b65b860dbdcfb1e602dc6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон хабар дод, барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ таъсис ёфт.Раиси вилоят қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар идома доранд.“Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.Вай қайд кард, ки айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададро ташкил медиҳад.Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хўрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст.
https://sputnik.tj/20210429/istehsoli-sement-ojikiston-afzoish-1039146077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032102565_310:0:3041:2048_1920x0_80_0_0_e2036893895327135ae8822f0dc9e052.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корхона, хатлон, саноат, коргоҳ
тоҷикистон, корхона, хатлон, саноат, коргоҳ
Дар шаш моҳ дар вилояти Хатлон 48 корхонаву коргоҳ таъсис ёфт
16:25 19.07.2021 (Навсозишуда: 16:29 19.07.2021) Раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки теъдоди умумии корхонаҳои саноатии вилоят ба 626 адад расид
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон хабар дод, барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ таъсис ёфт.
Раиси вилоят қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар идома доранд.
“Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай қайд кард, ки айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хўрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст.