Вазорати маорифи Қирғизистон: "донишҷӯёни тоҷик таъқиб намешаванд"

© Sputnik Студенты факультета русской филологии СамГУ
Студенты факультета русской филологии СамГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Вазорати маорифи Қирғизистон мегӯяд, донишҷӯни Тоҷикистон дар он кишвар таъқиб намешаванд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт, менависад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Вазорати маорифи он кишвар.
Ин изҳороти Вазорати маорифи Қирғизистон дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди таъқиб шудани донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистони ироа шуд.

"Дар давоми соли таҳсили 2020 -2021 дар донишгоҳҳои Қирғизистон 1932 шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз моҳи апрел то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик ба Вазорати маориф ва роҳбарияти донишгоҳҳо ягон арзу шикоят ворид нашудааст", - омадааст дар матни Вазорати маорифи Қирғизистон.

Илова бар ин, манбаъ меафзояд, ки вазорат пайваста ба донишҷӯёни тоҷик кӯмак мекунад ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи таъқиб шудани донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Вазорат гуфт, барои интиқоли муҳассилини тоҷик аз Қирғизистон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф изҳор дошт, донишҷӯёне, ки минбаъд намехоҳанд дар он кишвар таҳсили худро идома диҳанд, ба ватан оварда мешаванд.
"Афроде, ки дар шакли буҷавӣ таҳсил мекунанд ба бахши буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқан ба бахши шартномавӣ интиқол дода мешаванд", - гуфта буд Имомзода.
Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрелӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва борҳои самти Тоҷикистонро манъ кард.
Лентаи хабарҳо
0