Дар Тоҷикистон 247 ҳазор кило маводи пастсифати ғизоӣ мусодира шудааст

© Sputnik Куриное мясо на рынке
Куриное мясо на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Агентии "Тоҷикстандарт" давоми шаш моҳ беш аз 120 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии пастсифатро ошкор ва мусодира намудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли равон дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон 247 ҳазор кило маводи ғизоии пастсифат мусодира шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдуваҳҳобзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар муддати зикршуда беш аҳз 120 000 кило маҳсулоти пастсифати гӯштӣ мусодира шудааст.
Контроль качества мяса. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2020
Ба самбусапазҳо мефурӯхт: мусодираи 173 кг гӯшти пастсифат аз сокини Рӯдакӣ - навор
Ҳамчунин 6,22 ҳазор килограмм равған, 137 килограмм нӯшокиҳои спиртӣ, 18 427 кило маҳсулоти ширӣ ба далели ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ ва ҳамзамон адо шудани муҳлати истифодаи онҳо, аз хариду фурӯш бароварда шудааст.
Илова бар ин, 20 000 килограмм маҳсулоти нонӣ ва 36 190 тухми пастсифат ошкору нобуд карда шуд.
Абдуваҳҳобзода гуфт, дар баробари маҳсулоти ғизоӣ, бозаргонҳо инчунин масолеҳи пастсифати сохтмонӣ, бозичаҳои кӯдакона, атриёту дигар маводҳое, ки комилан ба талабот ҷавобгӯ нестанд, хостанд ба шаҳрвандон фурӯшанд.
Вале кормандони ин ниҳод, аз фурӯши беш аз 13 ҳазор маҳсулоти сохтмонӣ, 29 ҳазор бозичаҳо, зиёда аз 22 ҳазор атриёт, 597 дафтару лавозимоти мактабӣ ҷилавгирӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0