Тифли хурдсол қурбони садамаи ду "Тайота" шуд

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Чор мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Дар пайи садамаи маргбор дар шоҳроҳи Бохтар-Муъминобод кӯдаки 7-сола ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 17-уми июл тахминан соати 14:20 рух додааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота кемри", марди 59-сола, сокини ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз тарафи шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе дар 34-км, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ба самти муқобили роҳ баромадааст.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Ду садамаи маргбор: Зумрат ва Меҳровар бо мошинҳояшон ду нафарро пахш карданд
Дар натиҷа бо автомашинаи тамғаи "Тайота карола", таҳти идораи марди 46-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард бархурдааст.
Мутаассифона, дар пайи ин садама духтараки 7-сола, ки мусофири худрави "Тайота карола" будааст, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофирони дигари автомашинаи мазкур марди 42 ва зани 35-сола ноболиғи 9-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Сомонии шаҳри Левакант, ҳамзамон марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, ронандаи автомашинаи "Тайота кемри" А ва ронандаи автомашинаи "Тайота каролла" ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0