Шумори нафароне, ки қонуни танзимро нақз карданд, маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Раиси Суди Олӣ хабар дод, ки барои риоя накардани қонуни танзим 349 нафар ба маблағи беш аз 743 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон барои риоя накардани Қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардида, ба 349 нафар ҷарима татбиқ карда шуд.
Гуфта шудааст, ки маблағи умумии ҷарима 743 ҳазору 598 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси Суди Олӣ, ҳамзамон шумораи баррасии парвандаҳо барои риоя накардани Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба 9 ҳазору 138 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбат ба 3576 нафар ҷазои огоҳӣ ва 4458 нафар ҷарима ба маблағи умумии 743 ҳазору 598 сомонӣ таъйин карда шуд.
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Афзоиши қонуншиканиҳои танзим дар даврони коронавирус
Ёдрас мешавем, ки улаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки соли 2020 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0