https://sputnik.tj/20210719/loiha-nav-kodeks-jinoi-dastgoh-prezident-habs-1041012263.html
Лоиҳаи Кодекси нави ҷиноӣ дар Дастгоҳи Президент: ҳабс кам мешавад
Лоиҳаи Кодекси нави ҷиноӣ дар Дастгоҳи Президент: ҳабс кам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур қарор дорад
2021-07-19T21:42+0500
2021-07-19T21:42+0500
2021-07-19T21:51+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_0:157:3000:1845_1920x0_80_0_0_3c15f2e87e4377612fe449dbdaf28992.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори таъйини ҷазоҳои сабуктар мебошад.Шоҳиёни зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷонибдори он нест, ки аз рӯи ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ муҷозоти маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ гардад. Ӯ таъкид намуд, ки дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки феълан дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур қарор дорад, меъёрҳо ба самти гуманизатсия равона шудаанд.Зафар Азиззода, раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, ки узви гуруҳи таҳиякунандаи Кодекси нав мебошад, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои ҷадид дар ҷумҳурӣ ҳабс каму ҷазои ғайриҳабсӣ бештар мегардад. Раиси Коллегияи судӣ зикр намуд, ки айни ҳол чунин таҷриба дар мавриди ҷиноятҳои иқтисодӣ амалӣ мешавад, ки агар нафари гунаҳкор зарари расондаашро ҷуброн кунад, нисбаташ ҷарима татбиқ мегардад. Азиззода афзуд, ки ҳабс дар ҷумҳурӣ феълан майли камшавӣ дошта, далел овард, ки дар нимсолаи аввали соли равон 2 ҳазору 403 нафар ба ҷазои маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд, ки ҳамагӣ ҳудуди 36 дарсади теъдоди умумии афроди гунаҳкорро ташкил медиҳад.Дар маҷмуъ шумораи онҳое, ки гунаҳкор дониста шудаанд, ҳудуди 6,6 ҳазор нафар арзёбӣ шуд, ки нисбати қисми зиёди онҳо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ҳукми шартӣ татбиқ гардидааст.
https://sputnik.tj/20210719/shohiyon-guruh-baroi-tahiya-qonun-afv-tashkil-1041010007.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_166:0:2835:2002_1920x0_80_0_0_e24a219695c426fccc495f60c2935570.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кодекси ҷиноӣ, қонун, дастгоҳ, гумнизатсия
кодекси ҷиноӣ, қонун, дастгоҳ, гумнизатсия
Лоиҳаи Кодекси нави ҷиноӣ дар Дастгоҳи Президент: ҳабс кам мешавад
21:42 19.07.2021 (Навсозишуда: 21:51 19.07.2021) Лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур қарор дорад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори таъйини ҷазоҳои сабуктар мебошад.
Шоҳиёни зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷонибдори он нест, ки аз рӯи ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ муҷозоти маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ гардад. Ӯ таъкид намуд, ки дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки феълан дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур қарор дорад, меъёрҳо ба самти гуманизатсия равона шудаанд.
Зафар Азиззода, раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, ки узви гуруҳи таҳиякунандаи Кодекси нав мебошад, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои ҷадид дар ҷумҳурӣ ҳабс каму ҷазои ғайриҳабсӣ бештар мегардад.
Раиси Коллегияи судӣ зикр намуд, ки айни ҳол чунин таҷриба дар мавриди ҷиноятҳои иқтисодӣ амалӣ мешавад, ки агар нафари гунаҳкор зарари расондаашро ҷуброн кунад, нисбаташ ҷарима татбиқ мегардад.
Азиззода афзуд, ки ҳабс дар ҷумҳурӣ феълан майли камшавӣ дошта, далел овард, ки дар нимсолаи аввали соли равон 2 ҳазору 403 нафар ба ҷазои маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд, ки ҳамагӣ ҳудуди 36 дарсади теъдоди умумии афроди гунаҳкорро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ шумораи онҳое, ки гунаҳкор дониста шудаанд, ҳудуди 6,6 ҳазор нафар арзёбӣ шуд, ки нисбати қисми зиёди онҳо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ҳукми шартӣ татбиқ гардидааст.