Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Аз ниқобу дастпӯш то либосу мошин: кӯмаки Арабистони Саудиро Шодихон Ҷамшед қабул кард

© Фото : Пресс-служба правительства ГБАОПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Арабистонии Саудӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар лавозимоти тиббӣ аз қабили ниқобу дастпӯш ва либосу мошинҳои сайёри тиббиро ба Тоҷикистон кумак кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кӯмаки тиббии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистонро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед аз сафири он кишвар дар ҷумҳурӣ қабул кард. Ин кӯмак ба хотири муборизаи бештар бо маризии коронавирус фиристода шудааст.
Маросими супоридани кӯмаки тиббӣ дар бинои Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе сурат гирифт.
Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон аснои супоридани кӯмак ба Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки ин кӯмакро шоҳ Салмон ба Тоҷикистон фиристодааст ва барои ӯ боиси ифтихор аст, ки аз номи Шоҳ ба намояндаи вазорат онро таслим кунад.
Мешки с бесплатной едой, пожертвованной нуждающимся, в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Кумаки моддии Арабистони Саудӣ ба 9331 нафари ниёзманд ба муносибати моҳи Рамазон
Маблағи умумии кӯмак 500 ҳазор доллар буда, он аз ду қисм ибора аст. Қисмати аввалро қаблан Тоҷикистон қабул намуда буд.
Кӯмаки ирсолнамудаи Арабистони Саудӣ аз ниқобу дастпӯш ва либоси махсуси муҳофизатӣ иборат аст.
Шодихон Ҷамшед таъкид намуд, ки Тоҷикистон бори нахуст аз Арабистони Саудӣ кӯмак қабул намекунад ва ин кишвар борҳо ҳам дасти кӯмак дароз намуда буд.
Муовини вазир аз ҷумла зикр намуд, ки Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мошинҳои сайёри тиббӣ фиристодааст, ки рӯзҳои наздик рӯнамоии онҳо баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0