Боздошти пирамарди 74-сола, ки домодашро корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Ҷайхуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Сокини ноҳияи Ҷайхуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷиноят як сокини 74-сола, ки қаблан маҳкум ба зиндон шудааст, гумонбар дониста мешавад.
Қайд карда мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 18 июли соли равон ҳангоми муноқиша бо домоди 31-солааш ба ӯ ду зарби корд задааст, ки дар натиҷа ҷавон дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Марги фоҷиабори зану шавҳар дар Дӯстӣ: мард ҳамсарашро 10 корд ва худашро 4 корд зад
Пирамард боздошт шуд, тафтишот оид ба далели ҷиноят идома дорад, хабар медиҳад ин ниҳод.
Дар гузашта низ ВКД аз муноқишаҳо, миёни домод ва хусур хабар дода буд, аммо чунин ҳодиса аз камтаринҳост.
Лентаи хабарҳо
0