Арзон: дар Суғд бахшида ба Иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Ярмарка бо ҳукумати вилоят дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Дар арафаи Иди Қурбон дар Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, маҳсулот дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбатан арсзон пешниҳод гардид.
"Сокинон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар хоридорӣ карданд", - менависад манбаъ.
Ҳамин тавр, намоишгоҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол доир шуда, дар маркази вилоят назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташкил гардид.
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Аз таҳдиди масҷидбандӣ то талаб аз намозгузорон дар Иди Қурбон: муроҷиатномаи Шӯрои уламо
Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд менависад, дар вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 46 маротиба ярмарка гузаронида шуд.
Дар маҷмӯъ ба миқдори 4 ҳазору 511,9 тонна маҳсулот, аз ҷумла 781,5 тонна орд, 138,2 тонна равғани растанӣ, 74,5 тонна гӯшти чорвою паранда, 157,5 тонна шакар, 110 тонна биринҷ, 970,6 ҳазор дона тухм, 1147,6 тонна картошка, 439,9 тонна сабзӣ, 815,7 тонна бехпиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.
Лентаи хабарҳо
0