Дар Афғонистон ду писари узви Шӯрои вилояти Қандаҳор тавассути афроди мусаллаҳ кушта шуд

© REUTERS \ OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Манбаи мӯътамади амниятӣ дар вилояти Қандаҳор тасдиқ кард, ки афроди мусаллаҳ ду писари Фадо Муҳаммад Афғон, узви шӯрои ин вилоятро куштанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ин манбаъ, ки нахост номаш дар ин хабар нашр шавад, гуфт, ки ин ҳодиса шаби гузашта дар вулусволии Спин Болдаки ин вилоят рух додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинд ба рӯзномаи “Иттилооти рӯз”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки афроди мусаллаҳ аввал фарзандони Фадо Муҳаммад Афғонро аз хонашон берун кашиданд ва сипас ба қатл расонданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки омилони ин ҳодиса ҳануз мушаххас нашудаанд.
Ҳамзамон ҳамин манбаъ иттилоъ додааст, ки писарони ин узви Шӯрои вилояти Қандаҳор мумкин тавасути Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия), ки вулусволии Спин Болдакро дар ихтиёри худ доранд кушта шуда бошанд.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Коршиноси низомӣ гуфт, чаро давлати Афғонистон наметавонад бо Толибон ба тавофуқ расад
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия)ҳанӯз дар ин маврид чизе нагуфта аст.
Вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар аз вилоятҳои ноамн аст, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар бахшҳои аз ин вилоят ҳузур в фаъолияти густурда доранд.
Лентаи хабарҳо
0