Президент барои ҳар медали олимпӣ аз Токио аз захираҳо пул медиҳад: чанд сомонӣ?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ҳар варзишкори тоҷике, ки аз бозиҳои олимпии Токио медал меорад, то 300 ҳазор сомонӣ медиҳад. Барои қиёс ин маблағ муодили 750 маоши ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпии Токио – 2020 аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин маблағ бар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ҷудо мегардад.
Аз ҷумла барои варзишгарони тоҷикистоние, ки аз Бозиҳои олимпӣ медали тилло меоранд, 300 ҳазор сомонӣ барои соҳибони медали нуқра 200 ҳазор сомонӣ ва барои барандагони медали медали биринҷӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи раисиҷумҳури Тоҷикистон пардохт мегардад. Таъкид шудааст, ки маблағи мазкур аз Фонди захиравии президент пардохт мегардад.
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Ташхиси коронавируси ду варзишгар дар Токио мусбат баромад
Имкони гирифтани ҷоизапулии раисиҷумҳури Тоҷикистонро 10 варзишгари тоҷик доранд, ки роҳхат ба бозиҳои олимпии Токио – 2020 – ро гирифтаанд. Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик, ки роҳхати олимпӣ дорад, ба далели ҷароҳат наметавонад дар ин бозиҳо иштирок намояд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ аз Тоҷикистон дар бозиҳои Токио муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0