https://sputnik.tj/20210718/honai-pomiri-maskav-farzand-muhojir-farhang-video-1040975495.html
Хонаи нави помирӣ дар Маскав: мақсад - фарзанди муҳоҷир фарҳангашро донад – видео
Хонаи нави помирӣ дар Маскав: мақсад - фарзанди муҳоҷир фарҳангашро донад – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Маскав дар минтақаи мавсум ба Черкизово хонаи ҷадиди бадахширо бунёд кардаанд, ки ба макони таҷаммӯи намояндаҳои наслҳои гуногун мубаддал шудааст 18.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-18T21:36+0500
2021-07-18T21:36+0500
2021-07-18T21:58+0500
видео
муҳоҷират
фарҳанг
хона
помир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040975469_0:0:695:391_1920x0_80_0_0_a89827557aea4c4a7ea35b4183932620.jpg
Хонадароён дар манзили нави бадахшӣ ҳафтаи равон бо риояи оинҳои мардумӣ ва бо дуои бузургон сурат гирифта, ҳамарӯза дар ин макон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор мешаванд. Бунёдгарони манзил мегӯянд, ҳадаф - муаррифии фарҳангу пайванди наслҳо мебошад, аз ҷумла онҳое, ки дур аз ватан бузург шуда истодаанд, муҳиту фарҳанги аҷдодияшонро фаромӯш накунанд.Дар ин ҷо баробари сурудҳои муосири мардумӣ инчунин мадҳияхонӣ баргузор мегардад, ки садсолаҳо таърих дорад. Хонаи бадахширо бунёдгаронаш рамзи ҳамгироию муттаҳидӣ гуфта, изҳори умед кардаанд, пайвандҳо гусаста нахоҳанд шуд.Хонаи помирӣ ё ба забони рушонӣ ва шуғнонӣ чод ва чид мегӯяндаш, манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040975469_79:0:600:391_1920x0_80_0_0_1386c15a9cd767ba703f39b5ad9618a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, муҳоҷират, видео, фарҳанг, хона, помир
видео, муҳоҷират, видео, фарҳанг, хона, помир
Хонаи нави помирӣ дар Маскав: мақсад - фарзанди муҳоҷир фарҳангашро донад – видео
21:36 18.07.2021 (Навсозишуда: 21:58 18.07.2021) Дар шаҳри Маскав дар минтақаи мавсум ба Черкизово хонаи ҷадиди бадахширо бунёд кардаанд, ки ба макони таҷаммӯи намояндаҳои наслҳои гуногун мубаддал шудааст
Хонадароён дар манзили нави бадахшӣ ҳафтаи равон бо риояи оинҳои мардумӣ ва бо дуои бузургон сурат гирифта, ҳамарӯза дар ин макон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Бунёдгарони манзил мегӯянд, ҳадаф - муаррифии фарҳангу пайванди наслҳо мебошад, аз ҷумла онҳое, ки дур аз ватан бузург шуда истодаанд, муҳиту фарҳанги аҷдодияшонро фаромӯш накунанд.
Дар ин ҷо баробари сурудҳои муосири мардумӣ инчунин мадҳияхонӣ баргузор мегардад, ки садсолаҳо таърих дорад. Хонаи бадахширо бунёдгаронаш рамзи ҳамгироию муттаҳидӣ гуфта, изҳори умед кардаанд, пайвандҳо гусаста нахоҳанд шуд.
Хонаи помирӣ ё ба забони рушонӣ ва шуғнонӣ чод ва чид мегӯяндаш, манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва
ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.