Боярский аз суди ваксин гуфт ва ҳамаро ба иммунизатсия даъват кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАктер Михаил Боярский
Актер Михаил Боярский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Ҳунарманди мардумӣ, Михаил Боярский изҳор доштааст, ки маҳз бо кӯмаки ваксин бемории ӯ сабук ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Михаил Боярский мегӯяд, вазъи саломати ӯ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Овозхон ва Ҳунарманди мардумӣ дар сафҳаи Ivstagram ба кулли ҳамвандон ва мухлисони худ изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
"Ташаккур, ки маро ёд мекунед. Ҳама хуб аст. Мехоҳам бори дигар зикр кунам, ки ҳатман ваксин гиред, зеро маҳз бо кӯмаки дору беморӣ сабук мегузарад ва бемуболиға шумо ҷони худу пайвандонро наҷот медиҳед. То дидор дар тетр", - навиштааст Боярский.
Ин ҳунарманд ҳамчунин дар сафҳаи худ акс аз ҷараёни ваксингирии худро нашр намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳо дар мавриди бистарӣ шудани Боярский бо аломатҳои бемории коронавирус дар яке аз дармонгоҳҳои Маскав хабар доданд.
Ба маълумоти расонаҳо, овозхон як ҳафта мариз буд ва пизишкон ӯро ба бемористон интиқол доданд.
Вакцинация от COVID-19 в торговом центре в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Ваксинзанӣ алайҳи коронавирус дар Ӯзбекистон ҳам ҳатмӣ шуд
Вале баъдан худи овозхон ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, ки ҳақиқан гирифтори коронавирус аст, вале бемории ӯ сабук ҷараён дорад.
Боярский моҳи январ ваксини якум гирифт, аммо пас аз як моҳ бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарии беморхона гашт. Он замон ташхиси ӯ гирифтор будани ҳунарманд ба коронаиврусро таъйид накард.
Лентаи хабарҳо
0