https://sputnik.tj/20210717/tafsiloti-paydoishi-covid-19-1040958267.html
Ҳақиқат куҷост: олими рус тафсилоти ғайричашмдошти пайдоиши COVID - 19 - ро гуфт
Ҳақиқат куҷост: олими рус тафсилоти ғайричашмдошти пайдоиши COVID - 19 - ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Маълумот дар бораи пайдоиши табиии коронавирус аҷиб менамояд: олимон бештар дар бораи истеҳсоли лабораторӣ фикр мекунанд
2021-07-17T12:33+0500
2021-07-17T12:33+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
сунъӣ
табиӣ
пайдоиш
олим
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598915_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_f0ede9a8dbce52ba61195974338b2150.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Пайдоиши табиии коронавирус дар муқоиса бо фарзияи таҳияи лаборатории он, афсонавӣ менамояд. Сармутахассиси Институти биологияи молекулавии Энгелҳардти Академияи илмҳои Русия, профессор Пётр Чумаков дар мусоҳиба бо "Радиои 1" дар ин бора суҳбат кард.Ба гуфти Чумаков, вазъ "хеле аҷиб аст ва чунин менамояд, ки пайдоиши ин вирус сунъӣ аст".Олим гуфт, ки технологияҳои муосир барои таҳияи коронавирус имкон доранд. Нашрияҳо дар бораи чунин озмоишҳо ҳам дар Чин ва ҳам дар ИМА пайдо шуданд. Чумаков ишора кард, ки дар аввал тадқиқот оид ба модификатсияи COVID-19 дар лабораторияи Каролинаи Шимолӣ сурат гирифт, аммо кор бо сабаби фишори мардум қатъ карда шуд. Мутахассис гуфт, ки таҷрибаҳои минбаъда бо вирус дар Вуҳани Чин гузаронида шуданд. Ба гуфти Чумаков, қабл аз пешниҳоди айбнома бояд муайян кард, ки сабаби паҳншавии он чӣ буд. Вақтҳои охир, олимон бештар аз гипотезаи таҳияи COVID-19 дар лаборатория сухан мегӯянд.Чанде пеш, доктор Стивен Куэй ва профессори физикаи Донишгоҳи Калифорния, Беркли, Ричард Мюллер гуфтанд, ки онҳо дар сироят пайдарпаии геномиро пайдо карданд, ки дар вирусҳои табиӣ вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20210717/covid-uzvi-badan-tasiri-manfi-1040956769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598915_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_3e59da8a65060631092ad50fc56084c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, сунъӣ, табиӣ, сохтан
вируси корона, сунъӣ, табиӣ, сохтан
Ҳақиқат куҷост: олими рус тафсилоти ғайричашмдошти пайдоиши COVID - 19 - ро гуфт
12:33 17.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Маълумот дар бораи пайдоиши табиии коронавирус аҷиб менамояд: олимон бештар дар бораи истеҳсоли лаборатории он фикр мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Пайдоиши табиии коронавирус дар муқоиса бо фарзияи таҳияи лаборатории он, афсонавӣ менамояд.
Сармутахассиси Институти биологияи молекулавии Энгелҳардти Академияи илмҳои Русия, профессор Пётр Чумаков дар мусоҳиба бо "Радиои 1" дар ин бора суҳбат кард.
"Ба назар чунин мерасад, ки пайдоиши табиӣ афсонавӣ аст, зеро аз вирусе, ки дар табиат мавҷуд аст ва кӯршапаракҳоро сироят мекунад, то вирусе, ки дар байни инсоният паҳн мешавад, шаклҳои мобайнӣ вуҷуд надоранд", - қайд кард олим.
Ба гуфти Чумаков, вазъ "хеле аҷиб аст ва чунин менамояд, ки пайдоиши ин вирус сунъӣ аст".
Олим гуфт, ки технологияҳои муосир барои таҳияи коронавирус имкон доранд. Нашрияҳо дар бораи чунин озмоишҳо ҳам дар Чин ва ҳам дар ИМА пайдо шуданд.
Чумаков ишора кард, ки дар аввал тадқиқот оид ба модификатсияи COVID-19 дар лабораторияи Каролинаи Шимолӣ сурат гирифт, аммо кор бо сабаби фишори мардум қатъ карда шуд.
Мутахассис гуфт, ки таҷрибаҳои минбаъда бо вирус дар Вуҳани Чин гузаронида шуданд.
Ба гуфти Чумаков, қабл аз пешниҳоди айбнома бояд муайян кард, ки сабаби паҳншавии он чӣ буд.
"Дар маҷмӯъ, инсоният то ҳол пайдоиши табиӣ ё сунъии коронавирусро намедонад", - хулоса кард ӯ.
Вақтҳои охир, олимон бештар аз гипотезаи таҳияи COVID-19 дар лаборатория сухан мегӯянд.
Чанде пеш, доктор Стивен Куэй ва профессори физикаи Донишгоҳи Калифорния, Беркли, Ричард Мюллер гуфтанд, ки онҳо дар сироят пайдарпаии геномиро пайдо карданд, ки дар вирусҳои табиӣ вуҷуд надорад.