https://sputnik.tj/20210717/qirghiziston-afghonho-tojikiston-pazirad-1040961869.html
Қирғизистон омода аст, афғонҳои дар Тоҷикистон бударо қабул кунад
Қирғизистон омода аст, афғонҳои дар Тоҷикистон бударо қабул кунад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвар омода аст қирғизҳои афғонро қабул кунад. Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шуд, ки маконро омода кунанд ва шароити заруриро фароҳам созанд
2021-07-17T17:55+0500
2021-07-17T17:55+0500
2021-07-19T12:50+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
қирғизистон
гурезагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102089/11/1020891139_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_198d16bdc4dadef51640e4e401e108c8.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Жилдиз Бакашова дар ротиба бо вазъи қирғизҳои этникии Помири Хурд, ки марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардаанд ва муваққатан дар Тоҷикистон ҳастанд, ҷаласа баргузор кард. Дар ҷараёни нишаст гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шунида шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон. Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шудааст, ки маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба интиқол, омода кардани макон, ташкили инфрасохтори зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба қирғизҳои этникӣ таҳия кунанд. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ инчунин супориш дода шуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки тиббиро тавассути созмони байналмилалии башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" таҳия кунад. Пештар маълум шуд, ки 347 қирғиз аз Помири Хурд аз тарси "Толибон" дар Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ҳангоми убури марз ду тифл фавтиданд.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210715/nota-qirghiziston-tojikiston-intiqoli-afghoniston-1040913176.html
https://sputnik.tj/20210714/kdam-77-afghon-qirghiztabor-murghob-1040880174.html
афғонистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102089/11/1020891139_56:0:944:666_1920x0_80_0_0_e0aec58d30c61ef3bc8ce45ed3e8efd8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, кӯч, қирғизҳои афғонистон
қирғизистон, кӯч, қирғизҳои афғонистон
Қирғизистон омода аст, афғонҳои дар Тоҷикистон бударо қабул кунад
17:55 17.07.2021 (Навсозишуда: 12:50 19.07.2021) Мақомоти давлатӣ вазифадор шудааст, ки маконро омода кунад ва шароити заруриро фароҳам созад
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Жилдиз Бакашова дар ротиба бо вазъи қирғизҳои этникии Помири Хурд, ки марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардаанд ва муваққатан дар Тоҷикистон ҳастанд, ҷаласа баргузор кард.
Дар ҷараёни нишаст гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шунида шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
"Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон корҳои мувофиқро барои интиқоли минбаъдаи қирғизҳои афғон ба қаламрави Қирғизистон анҷом медиҳад. Қирғизистон омода аст онҳоро қабул кунад", - омадааст дар хабарнома.
Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шудааст, ки маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба интиқол, омода кардани макон, ташкили инфрасохтори зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба қирғизҳои этникӣ таҳия кунанд.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ инчунин супориш дода шуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки тиббиро тавассути созмони байналмилалии башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" таҳия кунад.
Пештар маълум шуд, ки 347 қирғиз аз Помири Хурд аз тарси "Толибон" дар Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ҳангоми убури марз ду тифл фавтиданд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия