https://sputnik.tj/20210717/oqibatho-nogufor-obhezi-olmon-video-1040963854.html
Оқибатҳои ногувори обхезӣ дар Олмон - видео
Оқибатҳои ногувори обхезӣ дар Олмон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи боришоти шадид дар Олмон, дарёҳо аз соҳилҳо лабрез шуда, шаҳрҳои ғарби кишвар зери об монданд ва ҳазорҳо сокинон дар рӯйхати гумшудаҳо қарор гирифтанд
2021-07-17T18:16+0500
2021-07-17T18:16+0500
2021-07-29T16:31+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
олмон
обхезии шадид
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/11/1040962614_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_d1a7c64afdb985287fd82fdc17f7d50f.jpg
Ба навиштаи Bild, обхезии харобиовар дар ғарби Олмон ҷони 133 нафарро гирифт. Дар пайи боронгариҳои шадиди якҳафтаина дарёҳо лабрези об гашта ба шаҳрҳои наздисоҳилӣ рехтанд.Ҳаракати васоити нақлиёт дар баъзе аз нуқтаҳои аҳолинишин қатъ гардид, чун роҳҳо харобу пулҳо валангор шуданд. Бо сабаби таҳдиди шикастани сарбанд дар панҷ ноҳияи Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, кучиш оғоз шуд.Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз обхезии маргбор дар Олмон: ба наздикони қурбониён сабр хост Аз Триер, ки дар он ҷо дарёи маҳаллӣ сероб шудааст, 350 нафар наҷот дода шуданд. Дар ноҳияи Рейн-Эрфт вазъи фавқулода эълон шудааст. Сокинони музофоти Аҳрвайлер бе барқ ва телефон монданд. Дар натиҷаи обхезӣ дар минтақа беш аз ҳазор нафар нопадид шудааст. Обхезии пурқурбонӣ дар Олмон: 14 акси изтиробовар аз ҷои ҳодисаСадри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 18 июн аз деҳоти аз офати табиӣ зарардида дидан хоҳад кард. Ғайр аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, Белгия ва Нидерландия зери об монданд.
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Германия после наводнения: кадры города Дернау
Sputnik Тоҷикистон
Германия: Жители Дернау возвращаются в поврежденные наводнением дома. Число жертв наводнения на западе Германии увеличилось до 133 человек, пишет газета Bild со ссылкой на полицию.
2021-07-17T18:16+0500
true
PT0M58S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/11/1040962614_80:0:560:360_1920x0_80_0_0_389e0a8b94e73998e98c6b746a851285.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оқибатҳо, ногувор, обхезӣ, олмон,
оқибатҳо, ногувор, обхезӣ, олмон,
Оқибатҳои ногувори обхезӣ дар Олмон - видео
18:16 17.07.2021 (Навсозишуда: 16:31 29.07.2021) Дар натиҷаи боришоти шадид дар Олмон, дарёҳо аз соҳилҳо лабрез шуда, шаҳрҳои ғарби кишвар зери об монданд ва ҳазорҳо сокинон дар рӯйхати гумшудаҳо қарор гирифтанд
Ба навиштаи Bild, обхезии харобиовар дар ғарби Олмон ҷони 133 нафарро гирифт. Дар пайи боронгариҳои шадиди якҳафтаина дарёҳо лабрези об гашта ба шаҳрҳои наздисоҳилӣ рехтанд.
Ҳаракати васоити нақлиёт дар баъзе аз нуқтаҳои аҳолинишин қатъ гардид, чун роҳҳо харобу пулҳо валангор шуданд. Бо сабаби таҳдиди шикастани сарбанд дар панҷ ноҳияи Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, кучиш оғоз шуд.
Аз Триер, ки дар он ҷо дарёи маҳаллӣ сероб шудааст, 350 нафар наҷот дода шуданд. Дар ноҳияи Рейн-Эрфт вазъи фавқулода эълон шудааст.
Сокинони музофоти Аҳрвайлер бе барқ ва телефон монданд. Дар натиҷаи обхезӣ дар минтақа беш аз ҳазор нафар нопадид шудааст.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 18 июн аз деҳоти аз офати табиӣ зарардида дидан хоҳад кард.
Ғайр аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, Белгия ва Нидерландия зери об монданд.