https://sputnik.tj/20210715/zaduhurdhoi-shadid-bodghis-tolibon-otashbas-1040914784.html
Баъд аз задухӯрдҳои шадид дар вилояти Бодғис гурӯҳи Толибон оташбас эълон карданд
Баъд аз задухӯрдҳои шадид дар вилояти Бодғис гурӯҳи Толибон оташбас эълон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи Толибон бо миёнаравии бузургони қавмӣ ва афроди бонуфуз дар вилояти Бодғис оташбас эълом кардааст
2021-07-15T18:25+0500
2021-07-15T18:25+0500
2021-07-15T18:25+0500
оташбас
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
ҷангҷӯён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/58/1028655823_227:576:2844:2048_1920x0_80_0_0_7f1af63f1fd9638eb943472ddcce6b26.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Волии Бодғис Ҳисомуддин Шамс тасдиқ кард, ки Толибон* аз нисфирӯзии имрӯз (панҷшанбе) оташбас эълон карданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “иттилоти рӯз”.Волии Бодғис афзуд, ки Толибон* бояд оташбасро риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои худро риоя намоянд.Ба гуфтаи оқои Шамс, имрӯз Қалъаи Нав, маркази вилояти Бодғис шоҳиди бозкушоии дӯконҳо шудааст.Абдулазиз Бег, раиси шӯрои музофоти Бодғис, ба рӯзнома гуфт, ки Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас ба мувофиқа нарасидаанд, аммо ин гурӯҳ Қалъаи Навро тахлия кардаанд.Ба гуфтаи бузургони қавми, оташбас дар рӯзҳои Ид Қурбон низ идома хоҳанд ёфт.Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас чизе нагуфтаанд.Гуфта мешавад, ки Толибон шаш ноҳияи Бодғисро комилан таҳти назорат худ гирифтанд ва танҳо шаҳри Қалъаи Нав таҳти назорати нерӯҳои ҳукумати қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад."Толибон" то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
https://sputnik.tj/20210715/tolibon-sharti-otashbas-afghoniston-1040904567.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/58/1028655823_614:506:2670:2048_1920x0_80_0_0_87bb26231f04d88a7167d2394c693054.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, бодғис, оташбас, нерӯҳои давлатӣ
афғонистон, толибон, бодғис, оташбас, нерӯҳои давлатӣ
Баъд аз задухӯрдҳои шадид дар вилояти Бодғис гурӯҳи Толибон оташбас эълон карданд
Гурӯҳи Толибон* бо миёнаравии бузургони қавмӣ ва афроди бонуфуз дар вилояти Бодғис оташбас эълом кардааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Волии Бодғис Ҳисомуддин Шамс тасдиқ кард, ки Толибон* аз нисфирӯзии имрӯз (панҷшанбе) оташбас эълон карданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “иттилоти рӯз”.
Волии Бодғис афзуд, ки Толибон* бояд оташбасро риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои худро риоя намоянд.
Ба гуфтаи оқои Шамс, имрӯз Қалъаи Нав, маркази вилояти Бодғис шоҳиди бозкушоии дӯконҳо шудааст.
Абдулазиз Бег, раиси шӯрои музофоти Бодғис, ба рӯзнома гуфт, ки Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас ба мувофиқа нарасидаанд, аммо ин гурӯҳ Қалъаи Навро тахлия кардаанд.
Ба гуфтаи бузургони қавми, оташбас дар рӯзҳои Ид Қурбон низ идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас чизе нагуфтаанд.
Гуфта мешавад, ки Толибон шаш ноҳияи Бодғисро комилан таҳти назорат худ гирифтанд ва танҳо шаҳри Қалъаи Нав таҳти назорати нерӯҳои ҳукумати қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
"Толибон" то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.
* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.