https://sputnik.tj/20210715/vazorat-tandurusti-mutahassison-chin-covid-1040916313.html
Абдуллозода бо мутахассисони Хитой роҳҳои мубориза бо COVID - ро баррасӣ кард
Абдуллозода бо мутахассисони Хитой роҳҳои мубориза бо COVID - ро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик иқрор намудааст, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой жар самти ташхис ва табобати коронавирус қобили омӯзиш аст
2021-07-15T18:12+0500
2021-07-15T18:12+0500
2021-07-15T18:18+0500
дар тоҷикистон
хитой
тандурустӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_50:137:1000:671_1920x0_80_0_0_e61b978dd914702cf7c7369f1d7554dd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовину намояндагони вазорати беҳдошт бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой видеоконфронс баргузор намуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, видеоконфронс бо мақсади табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемори коронаиврус доир шудааст.Гуфта мешавад, мулоқоти онлайнӣ бо ширкати Абдуллозода, Ғафур Муҳсинзода муовини якуми вазир ва сармутахассисони вазорат суратгирифт.Манбаъ меафзояд, ҳангоми мулоқт вазири тоҷик изҳор доштааст, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза-ин пеш аз ҳама табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории коронавирус мебошад.Қайд гардид, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.
https://sputnik.tj/20210603/bozdid-abdullozoda-bemorhonaho-hatlon-1039947984.html
хитой
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_70:109:1000:806_1920x0_80_0_0_dac8bda9f51d0d72260b1ab5312840be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамолиддин абдуллозода тандурустӣ
ҷамолиддин абдуллозода тандурустӣ
Абдуллозода бо мутахассисони Хитой роҳҳои мубориза бо COVID - ро баррасӣ кард
18:12 15.07.2021 (Навсозишуда: 18:18 15.07.2021) Вазири тоҷик иқрор намудааст, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой жар самти ташхис ва табобати коронавирус қобили омӯзиш аст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовину намояндагони вазорати беҳдошт бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой видеоконфронс баргузор намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, видеоконфронс бо мақсади табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемори коронаиврус доир шудааст.
Гуфта мешавад, мулоқоти онлайнӣ бо ширкати Абдуллозода, Ғафур Муҳсинзода муовини якуми вазир ва сармутахассисони вазорат суратгирифт.
Манбаъ меафзояд, ҳангоми мулоқт вазири тоҷик изҳор доштааст, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза-ин пеш аз ҳама табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории коронавирус мебошад.
Қайд гардид, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.
Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.