https://sputnik.tj/20210715/tojikiston-nashamandon-afzudaast-1040903166.html
Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд
Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз оғози соли 2021 дар ҷумҳурӣ беш аз 5 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шудааст
2021-07-15T13:15+0500
2021-07-15T13:15+0500
2021-07-15T13:15+0500
дар тоҷикистон
агентии назорати маводи нашъаовар
маводи мухаддир
нашъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d300633956362cbcfcd740d437d7546b.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон шумораи ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 - 25% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии назорати маводи нашъаовар. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Агентӣ, дар кишвар беш аз 5 ҳазор нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо мардон мебошанд. Дар байни онҳо 109 зан низ ҳаст. Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд. Манбаъ инчунин қайд мекунад, ки имсол дар Тоҷикистон 13,8 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, танҳо аз аввали сол аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,6 тонна маводи мухаддир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта (ё 510 кило) 43% зиёдтар аст. Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар дар ТоҷикистонТибқи иттилои роҳбари агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, кормандони Агентӣ беш аз 200 кило маводи мухаддир: ҳероин, афюн, ҳашиш, бангдона, моддаҳои психотропӣ ва лавҳаву хокаи синтетикӣ кашф карданд. Дар 6 моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи бангдона ва ҳашиш афзудааст.
https://sputnik.tj/20210715/afun-bangdona-agenti-mavod-muhaddir-musodira-1040899291.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_227:0:948:541_1920x0_80_0_0_629457efee4b88ae7fa468f2949cc3e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навъаманд, афзоиш, тоҷикистон
навъаманд, афзоиш, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон шумораи ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 - 25% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии назорати маводи нашъаовар.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Агентӣ, дар кишвар беш аз 5 ҳазор нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо мардон мебошанд.
Дар байни онҳо 109 зан низ ҳаст.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Манбаъ инчунин қайд мекунад, ки имсол дар Тоҷикистон 13,8 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.
Дар баробари ин, танҳо аз аввали сол аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,6 тонна маводи мухаддир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта (ё 510 кило) 43% зиёдтар аст.
Тибқи иттилои роҳбари агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, кормандони Агентӣ беш аз 200 кило маводи мухаддир: ҳероин, афюн, ҳашиш, бангдона, моддаҳои психотропӣ ва лавҳаву хокаи синтетикӣ кашф карданд.
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи бангдона ва ҳашиш афзудааст.