https://sputnik.tj/20210715/soleh-masulin-tolibon-taslim-firor-bozdosht-1040914599.html
Солеҳ: масъулине, ки ба Толибон* таслим ва қасди фирор ба Покистон доштанд, боздошт шуданд
Солеҳ: масъулине, ки ба Толибон* таслим ва қасди фирор ба Покистон доштанд, боздошт шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали президент мегӯяд, як қатор кормандони амниятӣ, ки ба Толибон* таслим шуданд, ҳангоми фирор ба Покистон боздошт гардиданд.
2021-07-15T17:31+0500
2021-07-15T17:31+0500
2021-07-15T17:31+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
ҳукумат
таслим
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_54dff71efa2f8452263fd319f22b5c9e.jpg
Ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст теъдоде аз масъулине, ки ба Толибон* таслим шудаву мехостанд бо кумаки ба Покистон фирор кунанд, боздошт гардиданд.Амруллоҳ Солеҳ дар ин бора субҳи имрӯз дар як ёддошти фейсбукӣ навиштааст.Ҷаноби Солеҳ дар бораи боздоштшудаҳо ҷузъиёти бештаре надода, гуфтааст, ки тафсилоти он рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд. Қаблан иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ Абдул Саттор Мирзаквол дар як ҷаласаи раҳбарияти вазорат гуфта буд, он афсарони полис, ки ба душман таслим мешаванд, алоҳида тафтиш ва баҳо дода шуда, агар амалҳои онҳо хиёнат дониста шаванд, ҷазо хоҳанд гирифт. Вай инчунин гуфт, ки нирӯҳои пулиси миллӣ ба зудӣ дар 15 вилояти кишвар мустақар карда мешаванд ва нерӯҳои эҳтиётӣ дар манотиқи гуногуни кишвар мустақар карда хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем қаблан мақомоти афғон аз таслимшавии чанд мақоми аршади амниятӣ ва қудратии давлат дар вилояти Бодғис ба Толибон* хабар дода буд.Ба гуфти мақомоти афғон ин мақомҳои амниятию қудратӣ бо тамоми муҳимоти ҷангӣ ба ҷониби Толибон* гузаштаанд, ки ба суқути вилоят оварда расонид.Ҳамзамон расонаҳо гуфтугӯи тунди Амруллоҳ Солеҳ бо Амиршоҳ Ноибзода, намояндаи Бодғис дар порлумонро нашр карданд, ки гуфта мешавад, бар асоси гузоришҳои дақиқ, ин намоянда нерӯҳоро ба таслим ташвиқ кардааст. Солеҳ дар хотима ба лаҳни бисёр тунд ба вакили Бодғис мегӯяд, ки як соат вақт доред, то аз амали худ ибрози пушаймонӣ кунед.Солеҳ ба вай мегӯяд: "Касиф, ман бо ту ҳеҷ гапе надорам. "Агар аз корат пушаймонӣ накунӣ ба ҷаҳаннам равонат мекунам".* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
https://sputnik.tj
https://sputnik.tj/20210709/solleh-vakili-bodghis-kasif-jahannam-ravonat-mekunam-1040773973.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_264:0:1831:1175_1920x0_80_0_0_3d7b5e875f0cbcabc617e50d0f17aabb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
солеҳ, масъулин, толибон*, фирор, покистон, боздошт
солеҳ, масъулин, толибон*, фирор, покистон, боздошт
Солеҳ: масъулине, ки ба Толибон* таслим ва қасди фирор ба Покистон доштанд, боздошт шуданд
Муовини аввали президент мегӯяд, як қатор кормандони амниятӣ, ки ба Толибон* таслим шуданд, ҳангоми фирор ба Покистон боздошт гардиданд.
Ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст теъдоде аз масъулине, ки ба Толибон* таслим шудаву мехостанд бо кумаки ба Покистон фирор кунанд, боздошт гардиданд.
Амруллоҳ Солеҳ дар ин бора субҳи имрӯз дар як ёддошти фейсбукӣ навиштааст.
Ҷаноби Солеҳ дар бораи боздоштшудаҳо ҷузъиёти бештаре надода, гуфтааст, ки тафсилоти он рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.
Қаблан иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ Абдул Саттор Мирзаквол дар як ҷаласаи раҳбарияти вазорат гуфта буд, он афсарони полис, ки ба душман таслим мешаванд, алоҳида тафтиш ва баҳо дода шуда, агар амалҳои онҳо хиёнат дониста шаванд, ҷазо хоҳанд гирифт.
Вай инчунин гуфт, ки нирӯҳои пулиси миллӣ ба зудӣ дар 15 вилояти кишвар мустақар карда мешаванд ва нерӯҳои эҳтиётӣ дар манотиқи гуногуни кишвар мустақар карда хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем қаблан мақомоти афғон аз таслимшавии чанд мақоми аршади амниятӣ ва қудратии давлат дар вилояти Бодғис ба Толибон* хабар дода буд.
Ба гуфти мақомоти афғон ин мақомҳои амниятию қудратӣ бо тамоми муҳимоти ҷангӣ ба ҷониби Толибон* гузаштаанд, ки ба суқути вилоят оварда расонид.
Ҳамзамон расонаҳо гуфтугӯи тунди Амруллоҳ Солеҳ бо Амиршоҳ Ноибзода, намояндаи Бодғис дар порлумонро нашр карданд, ки гуфта мешавад, бар асоси гузоришҳои дақиқ, ин намоянда нерӯҳоро ба таслим ташвиқ кардааст.
Солеҳ дар хотима ба лаҳни бисёр тунд ба вакили Бодғис мегӯяд, ки як соат вақт доред, то аз амали худ ибрози пушаймонӣ кунед.
Солеҳ ба вай мегӯяд: "Касиф, ман бо ту ҳеҷ гапе надорам. "Агар аз корат пушаймонӣ накунӣ ба ҷаҳаннам равонат мекунам".
* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.