Зодрӯзи Ҳоманаӣ ва даргузашти Чехову Садриддин Айнӣ: рӯзи 15 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 15 июля
День 15 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи понздаҳуми июл Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон буда, дар Ботсвана – Рӯзи президент ва дар Бруней – Рӯзи султон мебошад

Рӯзи 15 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.
Соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.
День 14 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Зодрӯзи Абдулло Раҳимбоев: рӯзи 14 июл дар таърих
Соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.
Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.
Соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих" бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
День 12 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Зодрӯзи бобои Манижа Сангин - Тоҷӣ Усмон: 12 июл дар таърих
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ва муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.
Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
Дар Бруней – Рӯзи султон.

Рӯзи 15 июл кӣ ба дунё омадааст

1606 — Рембрандт Харменс ван Рейн (соли даргузашт 1669), яке аз рассомони машҳури ҳолландӣ.
1870 — Леонид Красин (соли даргузашт1926), револютсионери русиягӣ, корманди ҳизбӣ.
1905 — Александр Хвиля (фавт 1976), ҳунарманди русиягӣ ва украинӣ, ҳунарманди халқии ИҶШС.
1939 - Алӣ Ҳоманаӣ, сиёсатшиноси эронӣ, президенти Эрон (1981—1989), раҳбари давлат (аз соли 1989).

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1922 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.
1941 – журналист Нур Табаров.
1948 – журналист Саидқул Шопалангзода.
1953 – журналист ва нависанда Раҳмон Остон.
1954 – нависанда Баҳманёр.

Рӯзи 15 июл кӣ даргузашт

1904 — Антон Чехов (соли таваллуд 1860), драматург ва нависандаи рус.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

1954 — Садриддин Айнӣ (соли таваллуд 1878), шоир ва нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти муосири тоҷик.
Лентаи хабарҳо
0