https://sputnik.tj/20210715/ombudsmen-tojikiston-sababi-tahiri-ovardan-suriya-1040912829.html
Омбудсмени Тоҷикистон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз кишварҳои ҷангзадаро гуфт
Омбудсмени Тоҷикистон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз кишварҳои ҷангзадаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъкид кард, ки сабаби бознагардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаламрави минтақаҳаои ҷангзада қарор доранд ба сабаби пандемия коронавирус ба таъхир гузошта шудааст
2021-07-15T17:20+0500
2021-07-15T17:20+0500
2021-07-15T17:20+0500
дар тоҷикистон
сурия
бозгардонӣ
ироқ
занон
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031653470_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b2b67e203ed8f0c47977146808dc7a84.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, киҳукумати кишвар тасмим дорад боқимонда шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ба Ватан баргардонад.Вай дар ин нишаст сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз минтақаҳои ҷангзадаро тавзеҳ дод.Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз Сурияву Ироқ ин пандемияи коронавирус будааст, ки ба ин раванд халал расондааст.Омбудсмен ваъда дод, ки шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ҳатман ба Ватан баргардонида мешаванд.“Ҳукумат дар назар дорад, ки ин қисмати шаҳрвандонро ба Ватан баргардонад ва зери ғамхории худ қарор диҳад”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид бори дигар масъалаи бозгардонии хориҷиёнро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан, ба баррасӣ кашидКоршиносони СММ муроҷиатномаеро нашр карданд, ки дар он аз мақомоти кишварҳои гуногун даъват мекунанд, то шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.Изҳороти ин созмон ба 57 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода шудааст.Аз ҷумла, коршиносон ба вазъ дар урдугоҳҳои Сурия Эл-Хол ва Рог ишора мекунанд, ки ҳоло дар онҷо беш аз 64 ҳазор гуреза ҷойгиранд.Дар изҳорот қайд мешавад, ки вазъи шадиди башардӯстона аз қабули чораҳои фаврӣ барои пешгирии зарари ҷуброннопазир ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Сурия шаҳодат медиҳад.СММ қайд мекунад, ки одамон дар урдугоҳҳо мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин санадро 22 коршиноси СММ имзо кардаанд. Дар байни онҳо Фионуала Ни Аолайн, маърӯзачии вижа оид ба таблиғ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми мубориза бо терроризм ва ҳамкасбони ӯ ҳастанд.Ёдовар мешавем, ки солҳои охир Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ва Сурия баргардонд. Онҳо ҳанӯз ба оилаҳои худ баргардонида нашудаанд; онҳо таҳти назорати мутахассисони Вазорати маориф ва Вазорати меҳнат қарор доранд.
https://sputnik.tj/20190804/Zanoni-gapgiri-shavhar--talosh-baroi-isboti-jabrdida-budani-zanoni-tojik-dar-Suriya-va-Iroq-1029571103.html
https://sputnik.tj/20210208/SMM-shahrwandonatonro-az-suriya-bargardoned-1032785077.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031653470_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0a31db5e67d3bfbf37c26b2ef232dd92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ваколатдори ҳуқуқи инсон, сурия, кишвари ҷангзада, коронавирус, бозгардони
тоҷикистон, ваколатдори ҳуқуқи инсон, сурия, кишвари ҷангзада, коронавирус, бозгардони
Омбудсмени Тоҷикистон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз кишварҳои ҷангзадаро гуфт
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъкид кард, ки сабаби бознагардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаламрави минтақаҳаои ҷангзада қарор доранд ба сабаби пандемия коронавирус ба таъхир гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, киҳукумати кишвар тасмим дорад боқимонда шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ба Ватан баргардонад.
Вай дар ин нишаст сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз минтақаҳои ҷангзадаро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз Сурияву Ироқ ин пандемияи коронавирус будааст, ки ба ин раванд халал расондааст.
“Пандемия “Covid-19”, ки натанҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон, ба хусус дар минтақаҳои ҷангзада паҳн ёфтааст, ба раванди бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада халал ворид кардааст”, - гуфт Умед Бобозода.
Омбудсмен ваъда дод, ки шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ҳатман ба Ватан баргардонида мешаванд.
“Ҳукумат дар назар дорад, ки ин қисмати шаҳрвандонро ба Ватан баргардонад ва зери ғамхории худ қарор диҳад”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид бори дигар масъалаи бозгардонии хориҷиёнро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан, ба баррасӣ кашид
Коршиносони СММ муроҷиатномаеро нашр карданд, ки дар он аз мақомоти кишварҳои гуногун даъват мекунанд, то шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.
Изҳороти ин созмон ба 57 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода шудааст.
Аз ҷумла, коршиносон ба вазъ дар урдугоҳҳои Сурия Эл-Хол ва Рог ишора мекунанд, ки ҳоло дар онҷо беш аз 64 ҳазор гуреза ҷойгиранд.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки вазъи шадиди башардӯстона аз қабули чораҳои фаврӣ барои пешгирии зарари ҷуброннопазир ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Сурия шаҳодат медиҳад.
СММ қайд мекунад, ки одамон дар урдугоҳҳо мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин санадро 22 коршиноси СММ имзо кардаанд. Дар байни онҳо Фионуала Ни Аолайн, маърӯзачии вижа оид ба таблиғ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми мубориза бо терроризм ва ҳамкасбони ӯ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ва Сурия баргардонд. Онҳо ҳанӯз ба оилаҳои худ баргардонида нашудаанд; онҳо таҳти назорати мутахассисони Вазорати маориф ва Вазорати меҳнат қарор доранд.