https://sputnik.tj/20210715/navras-dushanbe-marg-najot-1040903651.html
Навраси 18 - сола дар Душанбе аз марг наҷот ёфт
Навраси 18 - сола дар Душанбе аз марг наҷот ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 18 - солаи шаҳри Ваҳдат қариб дар "Кӯли ҷавонон" - и пойтахт ғарқ мешуд
2021-07-15T13:32+0500
2021-07-15T13:32+0500
2021-07-15T13:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
"кӯли ҷавонон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_0:0:801:450_1920x0_80_0_0_23d4933a3de3dfaed38ac3cf3c0f54b7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Душанбе аз ғарқшавии як сокини 18 - солаи маҳаллаи Заргари шаҳри Ваҳдат пешгирӣ карда шуд.Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, феълан дар ҳудуди тамоми кӯлу дарёҳои мамлакат кормандони кумитаи рейдҳо баргузор мекунанд.Зимни баргузории чунин рейд, дар "Кӯли ҷавонон" дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат аз шиновари наврасро аз марг наҷот доданд.Манбаъ меафзояд, ҷавон қасди убур кардани "Кӯли ҷавонон" дошт, аммо бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт.Дар ин асно, ғаввосон зуд худро ба маконе, ки наврас дар ҳоли ғарқшавӣ буд, расонданд ва ӯро фавран аз дохили об берун оварданд.КҲФ мегӯяд, ба сокини шаҳри Ваҳдат кумаки аввалия расонда шуд ва вазъи саломатии ӯ хуб буда, ниёзи интиқол доданаш ба бемористон вуҷуд надошт.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аснои мавсими шиноварӣ ҳамасола теъдоди зиёди одамон ғарқи об мешаванд. Ҳарчанд КҲФ миёни мардум рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ҳам, аммо теъдоди ин гуна воқеаҳои нохуш кам нест.Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд якбора 4 ноболиғ, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан буданд, дар Сирдарё ғарқ шуданд.
https://sputnik.tj/20210623/praporshik-rustam-dilovar-navrasi-gharqshavi-najot-1040401275.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/09/1031530988_39:0:762:542_1920x0_80_0_0_90cf180b2df2cc49ed747c5f239b7f15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯли ҷавонон душанбе ғарқ
кӯли ҷавонон душанбе ғарқ
Навраси 18 - сола дар Душанбе аз марг наҷот ёфт
Сокини 18 - солаи шаҳри Ваҳдат қариб дар "Кӯли ҷавонон" - и пойтахт ғарқ мешуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Душанбе аз ғарқшавии як сокини 18 - солаи маҳаллаи Заргари шаҳри Ваҳдат пешгирӣ карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, феълан дар ҳудуди тамоми кӯлу дарёҳои мамлакат кормандони кумитаи рейдҳо баргузор мекунанд.
Зимни баргузории чунин рейд, дар "Кӯли ҷавонон" дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат аз шиновари наврасро аз марг наҷот доданд.
Манбаъ меафзояд, ҷавон қасди убур кардани "Кӯли ҷавонон" дошт, аммо бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт.
Дар ин асно, ғаввосон зуд худро ба маконе, ки наврас дар ҳоли ғарқшавӣ буд, расонданд ва ӯро фавран аз дохили об берун оварданд.
КҲФ мегӯяд, ба сокини шаҳри Ваҳдат кумаки аввалия расонда шуд ва вазъи саломатии ӯ хуб буда, ниёзи интиқол доданаш ба бемористон вуҷуд надошт.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аснои мавсими шиноварӣ ҳамасола теъдоди зиёди одамон ғарқи об мешаванд. Ҳарчанд КҲФ миёни мардум рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ҳам, аммо теъдоди ин гуна воқеаҳои нохуш кам нест.
Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд якбора 4 ноболиғ, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан буданд, дар Сирдарё ғарқ шуданд.