https://sputnik.tj/20210715/muhriddin-vaziri-umuri-horijai-afghoniston-muloqot-1040898514.html
Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард
Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад
2021-07-15T10:38+0500
2021-07-15T10:38+0500
2021-07-15T10:38+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
афғонистон
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040898259_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_08296d552fd268653e6b10ffc6ec329a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот кард.Тавре Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.Изҳор гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. "Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад", - таъкид кардааст вазири тоҷик ба ҳамтои афғонистониаш.Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон 13-14 июл нишасти вазирони умури хориҷаи СҲШ баргузор шуд. Дар ҳошияи ин нишаст, Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон омад.
https://sputnik.tj/20200917/hanif-Atmar-ba-Tojikiston-omad-1031914420.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040898259_0:0:800:601_1920x0_80_0_0_dfcdf3576c1819eb9c06433eb6ebd691.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот
Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.
Изҳор гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
"Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад", - таъкид кардааст вазири тоҷик ба ҳамтои афғонистониаш.
Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон 13-14 июл нишасти вазирони умури хориҷаи СҲШ баргузор шуд. Дар ҳошияи ин нишаст, Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон омад.