Модари Рустам Убайдуллоев, афсари қурбони танишҳои марзӣ даргузашт

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Турсун Убайдуллоева пас аз марги писараш ба беморӣ печида буд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор Турсун Убайдуллоева, модари Рустам Убайдуллоев, афсаре, ки дар пайи танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуда буд, даргузашт.
Дар ин бора Эҳсони Хушбахт, дар саҳифаи Facebook хабар додааст.
Гуфта мешавад, зан пас аз марги фарзандаш, ду сол инҷониб бемор буд.
"Баъди марги Рустам, шояд аз ғами фарзанд буд, якбора бемор шуда буданд. Хонаи охираташон обод бод. Ба пайвандонашон сабр мехоҳам", - навиштааст вай.
Ҷанозаи Турсун Убайдуллоеваро дар зодгоҳашон деҳаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.
Школа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Мактаберо дар Ҳисор ба номи полковники дар марз ҳалокшудаи КДАМ гузоштанд
Ёдрас мешавем, Рустам Убайдуллоев, яке аз се қурбони таниши марзии моҳи сентябри соли 2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Афсар Рустам Убайдуллоев 35-сол дошт ва соҳиби ду фарзанд буд. Рустам Убайдуллоев дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии Русия, 15 сол дар системаи ҳарбии Тоҷикистон кор кардааст.
Дар ин ҳодиса сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов, зодагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Вахш низ қурбон шуда буданд.
Қирғизистон аз як кушта хаба дода буд.
Лентаи хабарҳо
0