https://sputnik.tj/20210715/daryofti-mavod-muhaddir-firoriyon-afghon-tojikiston-1040897807.html
Дарёфти 3,5 кило маводи мухаддир аз фирориёни афғон дар Тоҷикистон
Дарёфти 3,5 кило маводи мухаддир аз фирориёни афғон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Гурезаҳои афғон, ки дар минтақаи Мурғоб дархости паноҳандагӣ кардаанд, як миқдори зиёди маводи мухаддирро бо ашёи шахсии худ овардаанд
2021-07-15T10:05+0500
2021-07-15T10:05+0500
2021-07-24T14:53+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
маводи мухаддир
дарёфт
фирориён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/58/1019735874_0:105:2000:1230_1920x0_80_0_0_883bbafbfd4db9097d6ff0dc34b25af7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Марзбонони тоҷик аз гурезаҳои афғон 3,5 кило маводи мухаддир мусодира карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ. Сухан дар бораи 347 афғони қирғизтабор (аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ) аз ҷумлаи сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшон меравад.Ба иттилои манбаъ, ин афрод барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"*, хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти "Кизил-Работ"-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.КДАМ гуфтааст, ки вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
https://sputnik.tj/20210714/afghoniston-jang-tolibon-1040895887.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/58/1019735874_110:0:1890:1335_1920x0_80_0_0_5788e1eb16233f7b1c9de3a9ba0b2a24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дарёфт, маводи мухаддир, фирориён, афғон, тоҷикистон
дарёфт, маводи мухаддир, фирориён, афғон, тоҷикистон
Дарёфти 3,5 кило маводи мухаддир аз фирориёни афғон дар Тоҷикистон
10:05 15.07.2021 (Навсозишуда: 14:53 24.07.2021) Гурезаҳои афғон, ки дар минтақаи Мурғоб дархости паноҳандагӣ кардаанд, як миқдори зиёди маводи мухаддирро бо ашёи шахсии худ овардаанд
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Марзбонони тоҷик аз гурезаҳои афғон 3,5 кило маводи мухаддир мусодира карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.
Сухан дар бораи 347 афғони қирғизтабор (аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ) аз ҷумлаи сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшон меравад.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"*, хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти "Кизил-Работ"-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
"Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд", - афзудааст манбаъ.
КДАМ гуфтааст, ки вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо