https://sputnik.tj/20210714/vaziri-arab-general-rahimzoda-tojikiston-dust-1040875323.html
Вазири араб ба генерал Раҳимзода: "мардуми Тоҷикистон бо мо дӯсту бародаранд"
Вазири араб ба генерал Раҳимзода: "мардуми Тоҷикистон бо мо дӯсту бародаранд"
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии АМА Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон ва араб бародаранд ва чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид
2021-07-14T11:35+0500
2021-07-14T11:35+0500
2021-07-14T11:35+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вкд
ҳамкорӣ
ама
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040875467_0:54:1025:630_1920x0_80_0_0_63db82179e03cf7fdcba90ecc746d7b3.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо раиси корҳои дохилӣ ва хориҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии “Ҳедая” Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ мулоқот кард.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири тоҷик ба ҷаноби Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кардааст.Ӯ қайд кардааст, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.Дар навбати худ меҳмонон низ зикр намудаанд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Манбаъ афзуда, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210614/ama-shahrvandon-tojikiston-qoida-vurud-shadidtar-1040206937.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040875467_56:0:967:683_1920x0_80_0_0_62a1e122ee4dd5b023fb7b3444fd5033.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкориҳо, амният, ама, тоҷикистон
ҳамкориҳо, амният, ама, тоҷикистон
Вазири араб ба генерал Раҳимзода: "мардуми Тоҷикистон бо мо дӯсту бародаранд"
Вазири корҳои дохилии АМА Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон ва араб бародаранд ва чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо раиси корҳои дохилӣ ва хориҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии “Ҳедая” Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ мулоқот кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири тоҷик ба ҷаноби Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ӯ қайд кардааст, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Дар навбати худ меҳмонон низ зикр намудаанд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд.
"Мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", - гуфтааст вазири араб.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.