Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Спутник V" барои ҳомиладорон бехавф аст

CC0 / Pixabay / Беременная женщина, архивное фото
Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Нахустин ваксне, ки Русия алайҳи коронавирус таҳия кард, барои занони ҳомила тамоман бехавф аст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳангоми омӯзиши заҳролудии репродуктивии ваксинаи "Спутник V" ҳеҷ таъсири манфӣ ба ҷараёни ҳомиладорӣ ва рушди насл ошкор карда нашуд, менависад РИА Новости бо истинод ба вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.
"Инчунин, ҳангоми омӯзиши заҳролудии репродуктивии ваксинаи ватанӣ ҳеҷ гуна таъсири манфӣ ба ҷараёни ҳомиладорӣ ва рушди насл ошкор карда нашудааст", - изҳор доштааст вазири рус.
Михаил Мурашко гуфт, ки дар гурӯҳи хавфи шадиди COVID-19, ваксина кардан аз ҳафтаи 22-юми ҳомила мувофиқи мақсад аст.
Илова бар ин, вазир тавсия дод, ки ваксин ҳангоми ҳомиладорӣ дар ҳолатҳое истифода шавад, ки фоидаи пешбинишуда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҳомила зиёдтар бошад.
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маҳдудиятҳо пас аз ваксинаи COVID - 19: ҳомиладорӣ, синамаконӣ, машруботу тамоку манъ аст
Дар ҳамин ҳол, озмоишҳои клиникӣ дар бораи истифодаи ваксини мазкур барои заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, дастрас нест.
Ба ҳамин хотир истифодаи ваксин барои модароне, ки кӯдакони ширмак доранд, тавсия дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия феълан озмоишҳои клиникии истифодаи ваксин барои наврасон ҷараён дорад. Аллакай чанд гурӯҳ ихтиёриёни наврас ваксин гирифтанд ва онҳо таҳти назорати доимии пизишкон қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0