Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Дар Истаравшан ройгон ниқоби тиббӣ тақсим карданд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Дар шаҳр гурӯҳҳои тарғиботӣ барои мубориза бо коронавирус ташкил шуданд
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Дар Истаравшан ба сокинон 4 000 ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Истаравшан гуруҳҳои тарғиботӣ ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар карда шуданд.
Гуфта мешавад, гурӯҳ аз ҳисоби масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва корхонаву ташкилотҳо таъсис дода шудааст.
"Аъзоёни гурӯҳҳо корҳои тарғиботиро дар ҷойҳои серодам, махсусан бозорҳо, марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ, нақлиётҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо ба роҳ монданд", - меафзояд манбаъ.
Ба садҳо нафар шахсони бениқоб маълумотҳои зарурӣ ба воситаи варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ пешниҳод карда, бо ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон таъмин намуданд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон таъкид карда шуд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи ичтимоӣ, беэътиноӣ нисбати саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.
Пассажиры забирают багаж с транспортировочной ленты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Муҳоҷирони тоҷик гирифтори штамми ҳиндии коронавирус шуданд
Аз ин лиҳоз то ба эътидол омадани вазъи пандемия ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байниҳамдигариро нигоҳ доранд.
Бояд зикр намуд, ки ба ин васила аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ байни сокинони шаҳр ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ 4000 ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон тақсим карда шуд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон вируси корона босуръат паҳн мешавад. Чунончӣ, танҳо дирӯз дар кишвар 43 бемори нав ошкор шуд ва дар пайи гирифторӣ ба ковид 3 тан ҳалок шуданд.
Лентаи хабарҳо
0